Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман,
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман, Сабре на, ки аз ишқ бипарҳезам ман. Дасте на, ки бо қазо даровезам ман, Пое на, ки аз дасти ту бигрезам ман.
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман,
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман, То кард пур аз ғусса даруни дили ман. Зинҳор, агар дилам намонад рӯзе, Аз дида талаб кунед хуни дили ман.
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман,
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман, Ҳусни рухи ту рехта хуни дили ман. Ман донаму дил, ки дар висолат чунам, Касро чӣ хабар зи андаруни ман?
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман,
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман, В-эй лаъли лабат гираҳкушои дили ман. Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту, Ту дил ба касе мадеҳ барои дили ман.
Ошиқ ману девона ману шайдо ман,
Ошиқ ману девона ману шайдо ман, Шӯҳра ману афсона ману расво ман. Кофир ману бутпараст ман, тарсо ман, Инҳо ману сад бор батар з-инҳо ман.
Эй шамъ, чу абр гиряву зорӣ кун,
Эй шамъ, чу абр гиряву зорӣ кун, В-эй оҳи ҷигарсӯз, сипаҳдорӣ кун. Чун баҳраи васли ӯ надорӣ, эй дил, Дандон ба чигар ниҳу ҷигархорӣ кун.
Хоҳӣ, ки касе шавӣ, зи мастӣ кам кун,
Хоҳӣ, ки касе шавӣ, зи мастӣ кам кун, Нохӯрда шароби васл, мастӣ кам кун. Бо зулфи бутон дароздастӣ кам кун, Бутро чӣ гунаҳ, ту бутпарастӣ кам кун.
Ҷон асту забон аст, забон душмани ҷон,
Ҷон асту забон аст, забон душмани ҷон, Гар ҷон-т ба кор аст, нигаҳ дор забон. Ширин сухане бигуфт шоҳи санамон: «Сар барги дарахт аст, забон боди хазон».
Шамъам, ки ҳама ниҳон фурӯ мегирям,
Шамъам, ки ҳама ниҳон фурӯ мегирям, Механдаму ҳар замон фурӯ мегирям. Чун ҳеч кас аз гиряи ман огаҳ нест, Хуш-хуш ба миёни ҷон фурӯ мегирям.
Ҳарчанд ки дил ба васл шодон кардем,
Ҳарчанд ки дил ба васл шодон кардем, Дидем, ки хотират парешон кардем. Хуш бош, ки мо хӯй ба ҳиҷрон кардем, Бар худ душвору бар ту осон кардем.
Мо дар раҳи савдои ту манзил кардем,
Мо дар раҳи савдои ту манзил кардем, Сӯзест дар оташе, ки дар дил кардем. Дар шаҳр маро ба номи ту мехонанд, Некӯ номе зи ишқ ҳосил кардем.
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам,
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам, Васли ту мани бесарупо мехоҳам. Фарёду фиғону нолаам донӣ чист? Яъне ки туро, туро, туро мехоҳам.
Он бахт надорам, ки ба комат бинам,
Он бахт надорам, ки ба комат бинам, Ё даргузарӣ, ҳам ба саломат бинам. Васли ту ба ба ҳеч гуна дастам н-ояд, Номат бинависаму ба номат бинам.
Бо дарди ту андешаи дармон накунам,
Бо дарди ту андешаи дармон накунам, Бо зулфи ту орзуи имон накунам. Ҷоно, ту агар ҷон талабӣ, хуш бошад, Андешаи ҷон барои имон накунам.
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам,
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам, Касро ба ҳавои ту маломат накунам. Дар ҷустани васли ту иқомат накунам, Аз ишқи ту тавба то қиёмат накунам.
Аз ҷумлаи дардҳои бедармонам,
Аз ҷумлаи дардҳои бедармонам, В-аз ҷумлаи сӯзу доғи бепоёнам Сӯзандатар он аст, ки чун мардуми чашм, Дар чашми манию диданат натвонам.
Машҳуди хафӣ чу ганҷи дақёнусам,
Машҳуди хафӣ чу ганҷи дақёнусам, Пайдову ниҳон чу шамъ дар фонусам. Алқисса дар ин чаман чу беди Маҷнун Меболаму дар тараққии маъкусам.
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам,
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам, Роҳи сари кӯи дилситон баргирам. Чун парда миёни ману дилдор манам, Бархезаму худро зи миён баргирам.
Озурдатарам, гарчи камозортарам,
Озурдатарам, гарчи камозортарам, Бисёртарам, гарчи вафодортарам. Бо ҳар кӣ вафову сабр ман кардам беш, Субҳоналлаҳ, ба чашми ӯ хортарам.
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам,
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам, Дузд аст ғамат, ҷон ба саломат набарам. Бардор ниқоб аз руху бинмой ҷамол, То ҳасрати он рух ба қиёмат набарам.
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам,
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам, Донӣ, ки паи чӣ кор мегардидам? Қурбони хилофи ваъдааш мегаштам, Гирди сари интизор мегардидам.
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам,
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам, Дар ҳаҷри ту бо нолаву шеван будам. Гуфтам ба дуо, ки чашми бад дур зи ту, Эй дӯст, магар чашми бадат ман будам?
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам,
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам, Озурда нашуд зи ман диле, то будам. Сад шукр, ки чашми айббинам кӯр аст, Шодам, ки ҳасуд нестам, маҳсудам.
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам,
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам, Ҷону дилу дидаро ба ғам фарсудам. Мепиндоштам, ошиқу маъшуқ дуянд, Чун ҳар ду якест, ман худ аҳвал будам.
Андар талаби ёр чу мардона шудам,
Андар талаби ёр чу мардона шудам, Аввалқадам аз вуҷуд бегона шудам. Ӯ илм намешунид, лаб бар бастам, Ӯ ақл намехарид, девона шудам.