Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар киро дар кор одат бошадаш
Ҳар киро дар кор одат бошадаш, Дар ҷаҳон бахту саодат бошадаш. Аввалан гар бинад ӯ айби касон, Дар маломат ҳеҷ накшояд забон.
Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад
Ҷамоли одамӣ дар ҳилм бошад, Камоли одамӣ дар илм бошад.
Ҳар ки дорад донишу ақлу тамиз
Ҳар ки дорад донишу ақлу тамиз, Аҳли ақлу илмро дорад азиз.
Илм чу донӣ, зи амал cap мапеч
Илм чу донӣ, зи амал cap мапеч, Дониши бекор наарзад ба ҳеҷ.
Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша,
Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша, Мазан бар пойи худ зинҳор теша.
Беҳин коре, ки андар зиндагонист
Беҳин коре, ки андар зиндагонист Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор,
Касе, к-ӯ хирадро надорад ба пеш
Касе, к-ӯ хирадро надорад ба пеш, Дилаш гардад аз кардаи хеш реш…
Барои дӯстон ҷонро фидо кун,
Барои дӯстон ҷонро фидо кун, Валекин дӯст аз душман ҷудо кун.
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест. Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард, Зинда бо фарзанд монад номи мард.
Баду нек монад зи мо ёдгор
Баду нек монад зи мо ёдгор, Ту тухми бадӣ, то тавонӣ, макор!
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст, Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст. Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман
Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман, Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман. Садафвор биншин даме лабхамӯш, Чун гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш!
Сухан кам гӯю нек гӯй дар кор
Сухан кам гӯю нек гӯй дар кор, Ки аз бисёр гуфтан мард шуд хор
Бе азми дурусту саъйи комил
Бе азми дурусту саъйи комил, Касро нашад мурод ҳосил.
Қимати мард на ба симу зар аст
Қимати мард на ба симу зар аст, Қимати мард ба илму ҳунар аст.
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ, Ки муҳосиб бувад гаҳу бегоҳ. Роҳатфазои ҷону роҳати дил, Ҳарчи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.
Пушаймон нагардад кас аз кори нек
Пушаймон нагардад кас аз кори нек, Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Гӯянд, маро чу зод модар
Гӯянд, маро чу зод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт. Шабҳо бари гоҳвораи ман Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Сухан бисёр дону андаке гӯй
Сухан бисёр дону андаке гӯй, Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад.





