Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз ту дил барнаканам, то дилу ҷонам бошад
Аз ту дил барнаканам, то дилу ҷонам бошад, Мебарам ҷаври ту, то вусъу тавонам бошад. Гар навозӣ, чӣ саодат беҳ аз ин хоҳам ёфт, В-ар кушӣ зор, чӣ давлат беҳ аз
Шаби ошиқони бедил чӣ шабе дароз бошад
Шаби ошиқони бедил чӣ шабе дароз бошад, Ту биё, к-аз аввали шаб дари субҳ боз бошад. Аҷаб аст, агар тавонам, ки сафар кунам зи дастат, Ба куҷо равад кабӯтар, ки
Шӯриши булбулон саҳар бошад
Шӯриши булбулон саҳар бошад, Хуфта аз субҳ бехабар бошад. Тирборони ишқи хубонро Дили шӯридагон сипар бошад.
Гар он мурод шабе дар канори мо бошад
Гар он мурод шабе дар канори мо бошад, Зиҳӣ саодату давлат, ки ёри мо бошад. Агар ҳазор ғам аст аз ҷаҳониён бар дил, Ҳамин бас аст, ки ӯ ғамгусори мо бошад.
Кай бируст ин гули хандону чунин зебо шуд?
Кай бируст ин гули хандону чунин зебо шуд? Охир, ин ғӯраи навхоста чун ҳалво шуд? Дигар ин мурғ кай аз байза баромад, ки чунин Булбули хушсухану тӯтии шаккархо
Аз ин тааллуқи беҳуда то ба ман чӣ расад
Аз ин тааллуқи беҳуда то ба ман чӣ расад, В-аз он ки хуни дилам рехт, то ба тан чӣ расад? Ба гарди пои самандаш намерасад муштоқ, Ки дастбӯс кунад, то бад-он да
Оҳ, агар дасти дили ман ба таманно нарасад
Оҳ, агар дасти дили ман ба таманно нарасад, Ё дил аз чанбари ишқи ту ба ман во нарасад. Ғами ҳиҷрон басавияттар аз ин қисмат кун, Ки ҳама дард ба ҷони мани танҳ
Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад
Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад, Начамӣ, ки шохи тӯбо ба ситеза бар нарезад. Ҳаваси ту ҳеч табъе напазад, ки сар набозад, Зи паи ту ҳеч мурғе напарад,
Ҳушёр касе бояд, к-аз ишқ бипарҳезад
Ҳушёр касе бояд, к-аз ишқ бипарҳезад, В-ин табъ, ки ман дорам, бо ақл наёмезад. Он кас ки диле дорад, оростаи маънӣ, Гар ҳар ду ҷаҳон бошад, дар пои яке резад.
Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад
Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад, Дарёи оташинам дар дида мавҷи хун зад. Худ карда буд ғорат ишқаш ҳаволии дил, Бозам ба як шабехун бар мулки андарун з
Касе ба айби ман аз хештан напардозад
Касе ба айби ман аз хештан напардозад, Ки ҳар кӣ менигарам, бо ту ишқ мебозад. Фариштаӣ ту бад-ин равшанӣ, на одамиӣ, На одамист, ки бар ту назар наяндозад.
Дилам дил аз ҳаваси ёр барнамегирад
Дилам дил аз ҳаваси ёр барнамегирад, Тариқи мардуми ҳушёр барнамегирад. Балои ишқ, Худоё, зи ҷони мо баргир, Ки ҷони ман дил аз ин кор барнамегирад.
Кадом чора сиголам, ки бо ту даргирад?
Кадом чора сиголам, ки бо ту даргирад? Куҷо равам, ки дили ман дил аз ту баргирад? Зи чашми халқ фитодам ҳанӯзу мумкин нест, Ки чашми шӯхи ман аз ошиқӣ ҳазар ги
Зинда шавад, ҳар кӣ пеши дӯст бимирад
Зинда шавад, ҳар кӣ пеши дӯст бимирад, Мурдадил аст, он ки ҳеч дӯст нагирад. Ҳар кӣ зи завқаш даруни сина сафоест, Шамъи дилашро зи шоҳиде нагузирад.
Бод омаду бӯи анбар овард
Бод омаду бӯи анбар овард, Бодом шукуфа бар сар овард. Шохи гул аз изтироби булбул Бо он ҳама хор сар дар овард.
Инсоф набуд, он рухи дилбанд ниҳон кард
Инсоф набуд, он рухи дилбанд ниҳон кард, Зеро ки на рӯест, к-аз ӯ сабр тавон кард. Имрӯз яқин шуд, ки ту маҳбуби Худоӣ, К-аз олами ҷон ин ҳама дил бо ту равон к
Кист он моҳи мунаввар, ки чунин мегузарад?
Кист он моҳи мунаввар, ки чунин мегузарад? Ташна ҷон медиҳаду мои маъин мегузарад. Сарв агар низ таҳаввул кунад аз ҷой ба ҷой, Натавон гуфт, ки зеботар аз ин ме
Кист он фитна, ки бо тиру камон мегузарад
Кист он фитна, ки бо тиру камон мегузарад, В-он чӣ тир аст, ки аз ҷавшани ҷон мегузард. Он на шахсе, ки ҷаҳонест пур аз лутфу камол, Умр зоеъ макун, эй дил, ки
Ҳар гаҳ, ки бар ман он бути айёр бигзарад
Ҳар гаҳ, ки бар ман он бути айёр бигзарад, Сад корвони олами асрор бигзарад. Масти шаробу хобу ҷавонию шоҳидӣ Ҳар лаҳза пеши мардуми ҳушёр бигзарад.
Он кист к-андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад
Он кист к-андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад, Турк аз Хуросон омадаст, аз Порс яғмо мебарад. Шероз мушкин мекунад чун нофи оҳуи Хутан, Гар боди Наврӯз аз са
Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд
Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд, Боз аз нигини аҳди ту нақши вафо кӣ бурд. Чандин вафо кӣ кард чу ман дар ҳавои ту? В-он гаҳ зи дасти ҳаҷри ту чандин
Он шакарханда, ки пурнӯш даҳоне дорад
Он шакарханда, ки пурнӯш даҳоне дорад, На дили ман, ки дили халқи ҷаҳоне дорад. Ба тамошои дарахти чаманаш ҳоҷат нест, Ҳар кӣ дар хона чун ӯ сарви равоне дорад.
Он ки бар настаран аз ғолия холе дорад
Он ки бар настаран аз ғолия холе дорад, Алҳақ ороста хулқею ҷамоле дорад. Дарди дил пеши кӣ гӯям, ки ба ҷуз боди сабо Кас надонам, ки дар он кӯй маҷоле дорад.
Ҳар он нозир, ки манзуре надорад
Ҳар он нозир, ки манзуре надорад, Чароғи давлаташ нуре надорад. Чӣ кор андар биҳишт он муддаъиро, Ки майл имрӯз бо ҳуре надорад?
Магар насими саҳар бӯи ёри ман дорад
Магар насими саҳар бӯи ёри ман дорад, Ки роҳати дили уммедвори ман дорад. Ба пои сарв дарафтодаанд лолаву гул, Магар шамоили қадди нигори ман дорад?!

