Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд

Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд, Боз аз нигини аҳди ту нақши вафо кӣ бурд. Чандин вафо кӣ кард чу ман дар ҳавои ту? В-он гаҳ зи дасти ҳаҷри ту чандин ҷафо кӣ бурд? Бигрист чашми абр бар аҳволи зори ман, Ҷуз оҳи ман ба гӯши вай ин моҷаро кӣ бурд? Гуфтам лаби туро, ки дили ман ту бурдаӣ, Гуфто: Кадом дил, чӣ нишон, кай, куҷо, кӣ бурд? Савдо мапаз, ки оташи ғам дар дили ту нест, Моро ғами ту бурд ба савдо, туро кӣ бурд? Тавфиқи ишқи рӯи ту ганҷест, то кӣ ёфт? Боз иттифоқи васли ту гӯест, то кӣ бурд? Ҷуз чашми ту, ки фитнаи фаттони олам аст, Сад шайху зоҳид аз сари роҳи Худо кӣ бурд? Саъдӣ на марди бозии шатранҷи ишқи туст, Дасте ба коми дил зи сипеҳри дағо кӣ бурд? Хаёли хом мапарвар. Бурдани як даст бозӣ, ин ҷо шатаранҷ. Дағал, норост.