Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бод омаду бӯи анбар овард

Бод омаду бӯи анбар овард, Бодом шукуфа бар сар овард. Шохи гул аз изтироби булбул Бо он ҳама хор сар дар овард. То пои муборакаш бибӯсам, Қосид, ки паёми дилбар овард. Мо нома бад-ӯ супурда будем, Ӯ нофаи мушки азфар овард. Ҳаргиз нашунидаам, ки боде Бӯи гуле аз ту хуштар овард. Кас мисли ту хубрӯй фарзанд Нашнид, ки ҳеч модар овард. Бечора касе, ки дар фироқат Рӯзе ба намози дигар овард. Саъдӣ, дили равшанат садафвор Ҳар қатра ки хурд, гавҳар овард. Ширинии духтарони табъат Шӯр аз мутамаййизон баровард. Шояд ки кунад ба зинда дар гӯр, Дар аҳди ту ҳар кӣ духтар овард.