Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад

Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад, Начамӣ, ки шохи тӯбо ба ситеза бар нарезад. Ҳаваси ту ҳеч табъе напазад, ки сар набозад, Зи паи ту ҳеч мурғе напарад, ки пар нарезад. Дилам аз ғамат замоне натавонад, ар нанолад, Мижа як дам оби ҳасрат нашикебад, ар нарезад. Ки на ман зи дасти хубон набарам ба оқибат ҷон? Ту маро бикуш, ки хунам зи ту хубтар нарезад. Дурар аст лафзи Саъдӣ зи фарози баҳри маънӣ, Чӣ кунад ба домане дур, ки ба дӯст-бар нарезад?