Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ғуломи он сабукрӯҳам, ки бо ман сар гарон дорад
Ғуломи он сабукрӯҳам, ки бо ман сар гарон дорад, Ҷавобаш талху пиндорӣ шакар зери забон дорад. Маро гар дӯстӣ бо ӯ ба дӯзах мебарад, шояд, Ба нақд андар биҳишт
Туро зи ҳоли парешони мо чӣ ғам дорад?
Туро зи ҳоли парешони мо чӣ ғам дорад? Агар чароғ бимирад, сабо чӣ ғам дорад? Туро ки ҳар чӣ мурод аст, меравад аз пеш, Зи бемуродии имсоли мо чӣ ғам дорад?
Кас ин кунад, ки дил аз ёри хеш бардорад?
Кас ин кунад, ки дил аз ёри хеш бардорад? Магар касе ки дил аз санг сахттар дорад. Кӣ гуфт, ман хабаре дорам аз ҳақиқати ишқ? Дурӯғ гуфт, гар аз хештан хабар до
Гар аз ҷафои ту рӯзе дилам биёзорад
Гар аз ҷафои ту рӯзе дилам биёзорад, Каманди шавқ кашонам ба сулҳ боз орад. Зи дарди ишқи ту дӯшам умеди субҳ набуд, Асири ишқ чӣ тоби шаби дароз орад?
Ҳар кӣ чизе дӯст дорад, ҷону дил бар вай гуморад
Ҳар кӣ чизе дӯст дорад, ҷону дил бар вай гуморад, Ҳар кӣ меҳробаш ту бошӣ, сар зи хилват барнаёрад. Рӯзе андар хокат афтам в-ар ба бодам меравад сар, К-он ки да
Кӣ меравад ба шафоат, ки дӯст боз орад?
Кӣ меравад ба шафоат, ки дӯст боз орад? Ки айши хилвати бе ӯ кудурате дорад. Куҷо маҷоли сухан бошадам ба ҳазрати дӯст, Магар насими сабо, к-ин паём бигзорад.
Дидори ёри ғоиб, донӣ, чӣ завқ дорад?
Дидори ёри ғоиб, донӣ, чӣ завқ дорад? Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад. Эй бӯи ошноӣ, донистам, аз куҷоӣ, Пайғоми васли ҷонон пайванди рӯҳ дорад.
Ҳар кӣ май бо ту хурд, арбада кард
Ҳар кӣ май бо ту хурд, арбада кард, Ҳар кӣ рӯи ту дид, ишқ овард. Заҳр агар дар мазоқи ман резӣ, Бо ту ҳамчун шакар бишояд х(в)ард.
Турфа медоранд ёрон сабри ман бар доғу дард
Турфа медоранд ёрон сабри ман бар доғу дард, Доғу дарде, к-аз ту бошад, хуштар аст аз боғи вард. Дӯстонатро, ки доғи меҳрбонӣ дил бисӯхт, Гар ба дӯзах бигзаронӣ
Кас ин кунад, ки зи ёру диёр баргардад?
Кас ин кунад, ки зи ёру диёр баргардад? Кунад ҳар оина, чун рӯзгор баргардад. Тунукдиле, ки наёрад кашид заҳмати гул, Маломаташ накунанд, ар зи хор баргардад.
Ҳадиси ишқ ба тӯмор дарнамегунҷад
Ҳадиси ишқ ба тӯмор дарнамегунҷад, Баёни дӯст ба гуфтор дарнамегунҷад. Самоъи унс, ки девонагон аз он мастанд, Ба самъи мардуми ҳушёр дарнамегунҷад.
На он шаб аст, ки кас дар миёни мо гунҷад
На он шаб аст, ки кас дар миёни мо гунҷад, Ба хоки поят, агар зарра дар ҳаво гунҷад. Кулоҳи нозу такаббур бинеҳ, камар бикшой, Ки чун ту сарв надидам, ки дар қа
Мӯят раҳо макун, ки чунин бар ҳам уфтад
Мӯят раҳо макун, ки чунин бар ҳам уфтад, К-ошӯби ҳусни рӯи ту дар олам уфтад. Гар дар хаёли халқ паривор бигзарӣ, Фарёд дар ниҳоди банӣ Одам уфтад.
Пеши рӯят қамар наметобад
Пеши рӯят қамар наметобад, Хур зи ҳукми ту сар наметобад. Некуӣ хӯй кун, ки наргиси маст …………………………………. .
Фарҳодро чу бар рухи Ширин назар фитод
Фарҳодро чу бар рухи Ширин назар фитод, Дудаш ба сар даромаду аз пой дарфитод. Маҷнун зи ҷоми талъати Лайлӣ чу маст шуд, Фориғ зи модару падару симу зар фитод.
З-он гаҳ, ки бар он сурати хубам назар афтод
З-он гаҳ, ки бар он сурати хубам назар афтод, Аз сурати бетоқатиям парда барафтод. Гуфтем, ки ақл аз ҳама коре бадар ояд, Бечора фурӯ монд, чу ишқаш ба сар афто
Ҷони ман, ҷони ман фидои ту бод
Ҷони ман, ҷони ман фидои ту бод, Ҳечат аз дӯстон наёяд ёд? Меравӣ в-илтифот менакунӣ, Сарв ҳаргиз чунин нарафт озод.
Сари таслим ниҳодем ба ҳукму роят
Сари таслим ниҳодем ба ҳукму роят, То чӣ андеша кунад рои ҷаҳонороят. Ту ба ҳар ҷо ки фуруд омадию хайма задӣ, Каси дигар натавонад, ки бигирад ҷоят.
Биё, ки навбати сулҳ асту дӯстию иноят
Биё, ки навбати сулҳ асту дӯстию иноят, Ба шарти он ки нагӯем, аз он чи рафт, ҳикоят. Бар ин яке шуда будам, ки гирди ишқ нагардам, Қазои ишқ даромад, бидӯхт ча
Гар ҷон талабӣ, фидои ҷонат
Гар ҷон талабӣ, фидои ҷонат, Саҳл аст ҷавоби имтиҳонат. Савганд ба ҷонат, ар фурӯшам Як мӯй, ба ҳар кӣ дар ҷаҳонат.
Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат
Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат, Мадҳуш мегузорӣ ёрони меҳрбонат. Оинае талаб кун, то рӯи худ бибинӣ, В-аз ҳусни худ бимонад ангушт дар даҳонат.
Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат
Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат, Оҳ, агар чун камарам даст расидӣ ба миёнат! Дар дилам ҳеч наёяд, магар андешаи васлат, Ту на онӣ, ки дигар кас бин
Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат
Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат, Зарурат аст чу гӯй эҳтимоли чавгонат. Ба ростӣ, ки нахоҳам буридан аз ту умед, Ба дӯстӣ, ки нахоҳам шикаст паймонат.
Ҷону танам, эй дӯст, фидои тану ҷонат
Ҷону танам, эй дӯст, фидои тану ҷонат, Мӯе нафурӯшам ба ҳама мулки ҷаҳонат. Ширинтар аз ин лаб нашунидам, ки сухан гуфт, Ту худ шакарӣ ё асал аст оби даҳонат?!
Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат
Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат, Берун наравад гӯе, к-афтод ба майдонат. Рӯзи ҳама сар бар кард аз кӯҳу шаби моро Сар бар накунад хуршед, илло зи гиребона

