Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Пеши рӯят қамар наметобад

Пеши рӯят қамар наметобад, Хур зи ҳукми ту сар наметобад. Некуӣ хӯй кун, ки наргиси маст …………………………………. . …………………………………. . Зуҳра вақти саҳар наметобад. Оташ андар даруни шаб бинишаст, Ки танӯрам магар наметобад. Бори ишқат куҷо кашад дили ман, Ки қазову қадар наметобад? Новаки ғамза бар дили Саъдӣ Мазан, эй ҷон, ки барнаметобад.