Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат
Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат,
Зарурат аст чу гӯй эҳтимоли чавгонат.
Ба ростӣ, ки нахоҳам буридан аз ту умед,
Ба дӯстӣ, ки нахоҳам шикаст паймонат.
Гарам ҳалок писандӣ, в-арам бақо бахшӣ,
Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ, нофиз аст фармонат.
Агар ту, иди ҳумоюн, ба аҳд боз оӣ,
Бахилам, ар накунам хештан ба фармонат.
Маҳи дуҳафта надорад фурӯғ чандоне,
Ки офтоб, ки метобад аз гиребонат.
Агар на сарв, ки тӯбо баромадӣ дар боғ,
Хиҷил шудӣ, чу бидидӣ қади хиромонат.
Назар ба рӯи ту соҳибдиле наяндозад,
Ки бедилаш накунад чашмҳои фаттонат.
Ғуломи ҳиммати шангулиёну риндонам,
На зоҳидон, ки назар мекунанд пинҳонат.
Биё, в-агар ҳама бад кардаӣ, ки некат бод,
Дуои некон аз чашми бад нигаҳбонат!
Ба хоки пот, ки гар сар фидо кунад Саъдӣ,
Муқассир аст ҳанӯз аз адои эҳсонат.