Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй дарунат бараҳна аз тақвӣ
Эй дарунат бараҳна аз тақвӣ, К-аз бурун ҷомаи риё дорӣ. Пардаи ҳафтранг дар магзор, Ту, ки дар хона буриё дорӣ!
Агар кишвархудойи комрон аст
Агар кишвархудойи комрон аст, В-агар дарвеши ҳоҷатманди нон аст, Дар он соат, ки хоҳанд ину он мурд, Нахоҳанд аз ҷаҳон беш аз кафан бурд!
Пирмарде латиф дар Бағдод
Пирмарде латиф дар Бағдод Духтаракро ба кафшдӯзе дод. Мардаки сангдил чунон бигазид Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид.
Ҳамроҳ агар шитоб кунад дар сафар, ту биист
Ҳамроҳ агар шитоб кунад дар сафар, ту биист, Дил дар касе мабанд, ки дилбастаи ту нест!
Агар худ бардарад пешонии пил
Агар худ бардарад пешонии пил, На мард аст он, ки дар вай мардумӣ нест! Банӣ Одам сиришт аз хок дорад, Агар хокӣ набошад, одамӣ нест!
Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигузор
Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигузор. Оҷизи нафси фурӯмоя, чи мардӣ, чи занӣ! Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун, Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане
Гар газандат расад, таҳаммул кун
Гар газандат расад, таҳаммул кун, Ки ба афв аз гуноҳ пок шавӣ! Эй бародар, чу хок хоҳӣ шуд, Хок шав, пеш аз он, ки хок шавӣ!
Дарёи фаровон нашавад тира ба санг
Дарёи фаровон нашавад тира ба санг, Ориф, ки биранҷад, тунукобаст ҳануз!
Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳкор
Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳкор, Ба бахшояндагӣ дар вай назар кун! Агар ман ноҷавонмардам ба кирдор, Ту бар ман чун ҷавонмардон гузар кун!
Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ
Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ. Бишкаст аҳди суҳбати аҳли тариқро. Гуфтам: «Миёни олиму обид чӣ фарқ буд, То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?!»
Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав
Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав В-ар намонад ба гуфтанаш кирдор. Ботил аст он чӣ муддаъӣ гӯяд: «Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?!»
Олим, ки комрониву танпарварӣ кунад
Олим, ки комрониву танпарварӣ кунад, Ӯ хештангум аст, киро раҳбарӣ кунад?
Тарки дунё ба мардум омӯзанд
Тарки дунё ба мардум омӯзанд, Хештан симу ғалла андӯзанд. Олимеро, ки гуфт бошаду бас, Ҳар чӣ гӯяд, нагирад андар кас!
Нон аз барои кунҷи ибодат гирифтаанд
Нон аз барои кунҷи ибодат гирифтаанд Соҳибдилон, на кунҷи ибодат барои нон!
Зоҳид, ки дирам гирифту динор
Зоҳид, ки дирам гирифту динор, Зоҳидтар аз ӯ яке ба даст ор!
То маро ҳасту дигарам бояд
То маро ҳасту дигарам бояд, Гар нахонанд зоҳидам, шояд!
Хотуни хубсурати покизарӯйро
Хотуни хубсурати покизарӯйро, Нақшу нигору хотами пирӯза, гӯ, мабош! Дарвеши нексирати покизахӯйро Нони риботу луқмаи дарюза, гӯ, мабош!
Ҳар кӣ ҳаст аз фақеҳу пиру мурид
Ҳар кӣ ҳаст аз фақеҳу пиру мурид В-аз забоноварони покнафас. Чун ба дунёи дун фурӯд ояд, Ба асал дарбимонд пойи магас.
Эй гирифтори пойбанди иёл
Эй гирифтори пойбанди иёл, Дигар осудагӣ мабанд хиёл! Ғами фарзанду нону ҷомаву қут, Бозат орад зи сайр дар Малакут!
Шунидам, гӯспандеро бузурге
Шунидам, гӯспандеро бузурге Раҳонид аз даҳону дасти гурге. Шабонгаҳ корд дар ҳалқаш бимолид, Равони гӯспанд аз вай бинолид.
Зани бад дар саройи марди наку
Зани бад дар саройи марди наку Ҳам дар ин олам аст Дӯзахи ӯ! Зинҳор аз қарини бад, зинҳор, «Ва қино раббано ъазоба-н-нор!».
Пой дар занҷир пеши дӯстон
Пой дар занҷир пеши дӯстон, Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон!
Ҳамегурехтам аз мардумон ба кӯҳу ба дашт
Ҳамегурехтам аз мардумон ба кӯҳу ба дашт, Ки аз Худой набудам ба одамӣ пардохт. Қиёс кун, ки чӣ ҳолам бувад дар ин соат, Ки дар тавилаи номардумам бибояд сохт?!
Ҳарифи турушрӯйи носозгор
Ҳарифи турушрӯйи носозгор, Чу хоҳад шудан, даст пешаш мадор!
Шикам зиндони бод аст, ай хирадманд
Шикам зиндони бод аст, ай хирадманд, Надорад ҳич оқил бод дар банд! Чу бод андар шикам печад, фурӯ ҳил, Ки бод андар шикам бор аст бар дил!

