Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ
Соҳибдиле ба мадраса омад зи хонақоҳ.
Бишкаст аҳди суҳбати аҳли тариқро.
Гуфтам: «Миёни олиму обид чӣ фарқ буд,
То ихтиёр кардӣ аз он ин фариқро?!»
Гуфт: «Он гилеми хеш ба дар мебарад зи мавҷ
В-ин ҷаҳд мекунад, ки бигирад ғариқро!»