Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Пирмарде латиф дар Бағдод

Пирмарде латиф дар Бағдод Духтаракро ба кафшдӯзе дод. Мардаки сангдил чунон бигазид Лаби духтар, ки хун аз ӯ бичакид. Бомдодон падар чунон дидаш, Пеши домод рафту пурсидаш. К-ай фурӯмоя, ин чӣ дандон аст?! Чанд хойӣ лабаш, на анбон аст! Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор, Ҳазл бигзору ҷидд аз ӯ бардор! Хӯйи бад дар табиате нишаст, Надиҳад ҷуз ба вақти марг аз даст!