Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мурғи бирён ба чашми мардуми сер
Мурғи бирён ба чашми мардуми сер Камтар аз барги тарра бар хон аст! В-он киро дастгоҳу қувват нест, Шалғами пухта мурғи бирён аст!
Гар ҳама зарри ҷаъфари дорад
Гар ҳама зарри ҷаъфари дорад, Марди бетӯша барнагирад гом. Дар биёбон фақири сӯхтаро Шалғами пухта беҳ, ки нуқраи хом!
Дар биёбони хушку реги равон
Дар биёбони хушку реги равон Ташнаро дар даҳон чӣ дур(р), чӣ садаф! Марди бетӯша, к-уфтод аз пой, Бар каманди ӯ чӣ зар, чӣ хазаф!
Он кас, ки тавонгарат намегардонад
Он кас, ки тавонгарат намегардонад, Ӯ маслаҳати ту аз ту беҳтар донад!
Банда чу ҷоҳ омаду симу зараш
Банда чу ҷоҳ омаду симу зараш, Силӣ хоҳад ба зарурат сараш. Он нашунидӣ, ки Фалотун чӣ гуфт?! «Мӯр ҳамон беҳ, ки набошад параш!»
Оҷиз бошад, ки дасти қувват ёбад
Оҷиз бошад, ки дасти қувват ёбад, Бархезаду дасти оҷизон бартобад!
Гурбаи мискин агар пар доштӣ
Гурбаи мискин агар пар доштӣ, Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ!
Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад
Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад, Миннати Ҳотами Тойӣ набарад!
Нахурад шер нимхӯрдаи саг
Нахурад шер нимхӯрдаи саг В-ар бимирад ба сахтӣ андар ғор. Тан ба бечорагию гурснагӣ Биниҳу даст пеши сифла мадор!
Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй
Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй, Ки аз хӯйи бадаш фарсуда гардӣ! Агар гӯйи ғами дил, бо касе гӯй, Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ!
Зи бахт рӯйтурушкарда, пеши ёри азиз
Зи бахт рӯйтурушкарда, пеши ёри азиз Марав, ки айш бар ӯ низ талх гардонӣ! Ба ҳоҷате, ки равӣ тозарӯю хандон рав, Фурӯ набандад кори кушодапешонӣ!
Агар ҳанзал хурӣ аз дасти хушхӯй
Агар ҳанзал хурӣ аз дасти хушхӯй, Беҳ аз ширинӣ аз дасти турушрӯй!
Тарки эҳсони хоҷа авлотар
Тарки эҳсони хоҷа авлотар, К-эҳтимоли ҷафои баввобон! Ба таманнои гӯшт мурдан беҳ. Ки тақозои зишти қассобон.
Бо он ки дар вуҷуди таъом аст айши нафс
Бо он ки дар вуҷуди таъом аст айши нафс, Ранҷ оварад таъом, ки беш аз қадар бувад. Гар гулшакар хӯрӣ ба такаллуф, зиён кунад, В-ар нони хушк дер хӯрӣ, гулшакар
На чандон бихур, к-аз даҳонат барояд
На чандон бихур, к-аз даҳонат барояд, На чандон, ки аз заъф ҷонат барояд.
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро, Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад. В-агар танпарвар аст андар фарохӣ, Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.
Хӯрдан барои зистану зикр кардан аст
Хӯрдан барои зистану зикр кардан аст, Ту муътақид, ки зистан аз баҳри хӯрдан аст!
Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз
Сухан он гаҳ кунад ҳаким оғоз, Ё сарангушт сӯи луқма дароз. Ки зи ногуфтанаш халал зояд, Ё зи нохӯрданаш ба ҷон ояд.
Ҳам руқъа дӯхтан беҳу илзоми кунҷи сабр
Ҳам руқъа дӯхтан беҳу илзоми кунҷи сабр, К-аз баҳри ҷома руқъа бари хоҷагон набишт. Ҳаққо, ки бо уқубати Дӯзах баробар аст. Рафтан ба поймардии ҳамсоя дар Биҳиш
Ба нони хушк қаноъат кунему ҷомаи далқ
Ба нони хушк қаноъат кунему ҷомаи далқ, Ки бори меҳнати худ беҳ, ки бори миннати халқ!
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд, На занбӯрам, ки аз дастам биноланд! Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам, Ки зӯри мардумозорӣ надорам?!
Эй қаноъат, тавонгарам гардон
Эй қаноъат, тавонгарам гардон, Ки вароъи ту ҳич неъмат нест! Кунҷи сабр ихтиёри Луқмон аст, Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест!
Нибишта-ст бар гӯри Баҳроми Гӯр
Нибишта-ст бар гӯри Баҳроми Гӯр, Ки дасти карам беҳ зи бозуи зӯр!
Намонд Ҳотами Тойӣ, валек то абад
Намонд Ҳотами Тойӣ, валек то абад Бимонд номи баландаш ба некуӣ машҳур! Закоти мол бадар кун, ки фазилаи разро, Чу боғбон бизанад, бештар диҳад ангур!
Дидам, гули тоза чанд даста
Дидам, гули тоза чанд даста, Бар гунбаде аз гиёҳ руста. Гуфтам: «Чӣ бувад гиёҳи ночиз То дар сафи гул нишинад ӯ низ?!»

