Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2740

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1830

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1453

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1273

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 844

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 786

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 758

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 732

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 684

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 684

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 683

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 678

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 653

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 638

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 596

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад

👁 27

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад, Сазовори тасдиқу таҳсин бувад. Чу як бор гуфтӣ, магӯ боз пас, Ки ҳалво чу як бор хӯрданд, бас!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Якеро зиштхӯе дод душном

👁 29

Якеро зиштхӯе дод душном, Таҳаммул карду гуфт: «Эй хубфарҷом! Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфтан онӣ, Ки донам, айби ман чун ман надонӣ!»

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ду оқилро набошад кину пайкор

👁 27

Ду оқилро набошад кину пайкор, На доное ситезад бо сабуксор! Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд, Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Он кас, ки ба Қуръону хабар з-ӯ нараҳӣ

👁 25

Он кас, ки ба Қуръону хабар з-ӯ нараҳӣ, Он аст ҷавобаш, ки ҷавобаш надиҳӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Магӯй андуҳи хеш бо душманон

👁 18

Магӯй андуҳи хеш бо душманон, Ки «‎Ло ҳавл» гӯянд шодикунон.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст

👁 20

Ҳунар ба чашми адоват бузургтар айб аст, Гул аст Саъдию дар чашми душманон хор аст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гаҳ бувад к-аз ҳакими равшанрой

👁 19

Гаҳ бувад к-аз ҳакими равшанрой Барнаёяд дуруст тадбире. Гоҳ бошад, ки кӯдаке нодон Ба ғалат бар ҳадаф занад тире!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дуруштӣ кунад бо ғарибон касе

👁 20

Дуруштӣ кунад бо ғарибон касе, Ки нобуда бошад ба ғурбат басе.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳаргиз эмин зи мор наншастам

👁 19

Ҳаргиз эмин зи мор наншастам, Ки бидонистам он чӣ хислати ӯст. Захми дандони душмане батар аст, Ки намояд ба чашми мардум дӯст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро

👁 22

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро, Бо ҳама тундиб салобат, ки ӯст. Мӯрчагонро чу бувад иттифоқ, Шери жиёнро бидаронанд пӯст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Машав эмин, ки тангдил гардӣ

👁 11

Машав эмин, ки тангдил гардӣ, Чун зи дастат диле ба танг ояд. Санг бар бораи ҳисор мазан, Ки бувад, к-аз ҳисор санг ояд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу пархош бинӣ, таҳаммул биёр

👁 20

Чу пархош бинӣ, таҳаммул биёр. Ки саҳлӣ бибандад дари корзор. Ба ширинзабонийю лутфу хушӣ Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш

👁 23

Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш, Дигар чӣ ғам хурад, ҳама офоқ ҷойи ӯст! Шаб ҳар тавонгаре ба сарое ҳамераванд. Дарвеш ҳар куҷо, ки шаб омад, саройи ӯст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ризқ агарчанд бегумон бирасад

👁 22

Ризқ агарчанд бегумон бирасад, Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо. В-арчи кас беаҷал нахоҳад мурд, Ту марав дар даҳони аждарҳо!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост

👁 18

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост, Ба ғайри маслаҳаташ раҳбарӣ кунад айём. Кабӯтаре, ки дигар ошён нахоҳад дид, Қазо ҳамебарадаш то ба сӯи донаи дом.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Вуҷуди марди доно мисоли зарри талист

👁 21

Вуҷуди марди доно мисоли зарри талист, Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд. Бузургзодаи нодон ба шаҳраво монад, Ки дар диёри ғарибаш ба ҳич настонанд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Мунъим ба кӯҳу дашту биёбон ғариб нест

👁 19

Мунъим ба кӯҳу дашту биёбон ғариб нест, Ҳар ҷо, ки рафт, хайма заду хобгоҳ сохт! В-онро, ки бар муроди ҷаҳон нест дастрас, Дар зодбуми хеш ғариб асту ношинохт!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То ба дуккону хона дар гаравӣ

👁 20

То ба дуккону хона дар гаравӣ, Ҳаргиз, эй хом, одамӣ нашавӣ! Бирав, андар ҷаҳон тафарруҷ кун, Пеш аз он рӯз, к-аз ҷаҳон биравӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар ба ҳар сари мӯят сад хирад бошад

👁 17

Агар ба ҳар сари мӯят сад хирад бошад, Хирад ба кор наёяд, чу бахт бад бошад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр

👁 23

Кас натавонад гирифт домани давлат ба зӯр, Кӯшиши бефоида-ст васма бар абруйи кӯр!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ваҳ ки гар мурда бозгардидӣ

👁 24

Ваҳ ки гар мурда бозгардидӣ, Ба миёни қабилаву пайванд. Радди мерос сахттар будӣ. Ворисонро зи марги хешованд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дасти тазарруъ чӣ суд бандаи муҳтоҷро

👁 16

Дасти тазарруъ чӣ суд бандаи муҳтоҷро Вақти дуъо бар Худой, вақти карам дар бағал?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дарвеш ба ҷуз бӯйи таъомаш нашунидӣ

👁 25

Дарвеш ба ҷуз бӯйи таъомаш нашунидӣ, Мурғ аз паси нон хӯрдани ӯ реза начидӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Он шунидастӣ, ки дар ақсои Ғӯр

👁 19

Он шунидастӣ, ки дар ақсои Ғӯр Борсолоре бияфтод аз сутур. Гуфт: «Чашми танги дунёдӯстро Ё қаноъат пур кунад ё хоки гӯр!»

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Зи қадру шавкати султон нагашт чизе кам

👁 12

Зи қадру шавкати султон нагашт чизе кам Аз илтифот ба меҳмонсаройи деҳқоне. Кулоҳгӯшаи деҳқон ба офтоб расид, Ки соя бар сараш андохт чун ту султоне!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 367 аз 1003