Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ду оқилро набошад кину пайкор

Ду оқилро набошад кину пайкор, На доное ситезад бо сабуксор! Агар нодон ба даҳшат сахт гӯяд, Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд! Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе, Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе. В-агар бар ҳад ду ҷониб ҷоҳилонанд, Агар занҷир бошад, бигсалонанд!