Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2739

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1830

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1452

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1273

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 843

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 786

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 758

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 732

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 684

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 684

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 683

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 678

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 653

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 638

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 596

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Бӯса додан ба рӯйи дӯст чӣ суд

👁 23

Бӯса додан ба рӯйи дӯст чӣ суд, Ҳам дар ин лаҳза карданаш бидруд? Себ, гӯйӣ, вадоъи бустон кард, Рӯй аз ин нима сурху з-он сӯ зард!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бузурге дидам андар кӯҳсоре

👁 18

Бузурге дидам андар кӯҳсоре, Қаноъат карда аз дунё ба ғоре! Чиро, гуфтам, ба шаҳр андар наёӣ, Ки боре банде аз дил баргушоӣ?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ман одамӣ ба чунин шаклу хӯю қадду равиш

👁 13

Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт, Ҷафову нозу итобу ситамгарӣ омӯхт. Ман одамӣ ба чунин шаклу хӯю қадду равиш Надидаам, магар ин шева аз парӣ омӯхт?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гул ба тороҷ рафту хор бимонд

👁 20

Гул ба тороҷ рафту хор бимонд, Ганҷ бардоштанду мор бимонд. Дида бар тораки синон дидан Хуштар аз рӯйи душманон дидан!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

На моро дар миён аҳду вафо буд?!

👁 19

На моро дар миён аҳду вафо буд?! Ҷафо кардиву бадаҳдӣ намудӣ! Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам, Надонистам, ки баргардӣ ба зудӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Зоҳиде дар самоъи риндон буд

👁 14

Зоҳиде дар самоъи риндон буд, З-он миён гуфт шоҳиде балхӣ: «‎Гар малулӣ зи мо, туруш маншин, Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!»

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шояд паси кори хештан биншастан

👁 14

Шояд паси кори хештан биншастан, Лекин натавон забони мардум бастан.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Тозабаҳоро, варақат зард шуд

👁 12

Тозабаҳоро, варақат зард шуд, Дег манеҳ, к-оташи мо сард шуд. Чанд хиромиву такаббур кунӣ, Давлати порина тасаввур кунӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ёри дерина маро, гӯ, ба забон тавба мадеҳ

👁 10

Ёри дерина маро, гӯ, ба забон тавба мадеҳ, Ки маро тавба ба шамшер нахоҳад будан! Рашкам ояд, ки касе сер нигаҳ дар ту кунад, Боз гӯям, на, ки кас сер нахоҳад б

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун гароне ба пеши шамъ ояд

👁 23

Чун гароне ба пеши шамъ ояд, Хезаш андар миёни ҷамъ бикуш! В-ар шакархандаест ширинлаб, Остинаш бигиру шамъ бикуш!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чашми бадандеш, ки барканда бод

👁 23

Чашми бадандеш, ки барканда бод, Айб намояд ҳунараш дар назар! В-ар ҳунаре дориву ҳафтод айб, Дӯст набинад ба ҷуз он як ҳунар!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

На ончунон ба ту машғулам, эй биҳиштирӯй

👁 13

На ончунон ба ту машғулам, эй биҳиштирӯй, Ки ёди хештанам дар замир меояд! Зи диданат натавонам, ки дида дарбандам В-агар муқобала бинам, ки тир меояд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гар даст расад, ки остинаш гирам

👁 18

Гар даст расад, ки остинаш гирам, Варна, биравам, бар остонаш мирам!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ту, ки дар банди хештан бошӣ

👁 16

Ту, ки дар банди хештан бошӣ, Ишқбози дурӯғзан бошӣ! Гар нашояд ба дӯст раҳ бурдан, Шарти ёрист дар талаб мурдан!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дӯстон, гӯ, насиҳатам макунед

👁 18

Дӯстон, гӯ, насиҳатам макунед, Ки маро дида бар иродати ӯст! Ҷангҷӯён ба зӯри панҷаву китф Душманонро кушанду хубон дӯст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар куҷо султони ишқ омад, намонд

👁 10

Ҳар куҷо султони ишқ омад, намонд Қуввати бозуи тақворо маҳал. Покдоман чун зияд бечорае? Ӯ фитода то гиребон дар ваҳал!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Кӯтаҳ накунам зи доманат даст

👁 20

Кӯтаҳ накунам зи доманат даст В-ар худ бизанӣ ба теғи тезам! Баъд аз ту малозу малҷаъе нест, Ҳам дар ту гурезам, ар гурезам!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хоҷа бо бандаи парирухсор

👁 19

Хоҷа бо бандаи парирухсор Чун даромад ба бозию ханда, На аҷаб, к-ӯ чу хоҷа ҳукм кунад, В-ин кашад бори ноз чун банда!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад

👁 9

Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад, Нишоти сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ. В-агар ба чашми иродат нигаҳ кунӣ дар дев, Фариштает намояд ба чашм каррубӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ султон муриди ӯ бошад

👁 10

Ҳар кӣ султон муриди ӯ бошад, Гар ҳама бад кунад, наку бошад! В-он киро подшаҳ бияндозад, Касаш аз хайлхона нанвозад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гар ту Қуръон бар ин намат хонӣ

👁 20

Гар ту Қуръон бар ин намат хонӣ, Бибарӣ равнақи мусалмонӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Аз суҳбати дӯсте биранҷам

👁 18

Аз суҳбати дӯсте биранҷам, К-ахлоқи бадам ҳасан намояд. Айбам ҳунару камол бинад, Хорам гулу ёсуман намояд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хонаеро, ки чун ту ҳамсоя-ст

👁 18

Хонаеро, ки чун ту ҳамсоя-ст, Даҳ дирам сими бадъиёр арзад, Лекин уммедвор бояд буд, Ки пас аз марги ту ҳазор арзад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

На ҳар сухан, ки барояд, бигӯяд аҳли шинохт

👁 22

На ҳар сухан, ки барояд, бигӯяд аҳли шинохт, Ба сирри шоҳ сари хештан набояд бохт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Суханро сар аст, эй хирадманду бун

👁 29

Суханро сар аст, эй хирадманду бун, Маёвар сухан дар миёни сухун! Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш, Нагӯяд сухан, тот набинад хамӯш!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 366 аз 1003