Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2740

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1831

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1453

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1274

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 845

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 787

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 759

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 733

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 685

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 685

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 685

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 680

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 654

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 639

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 598

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Ба дидори мардум шудан айб нест

👁 18

Ба дидори мардум шудан айб нест, Валекин на чандон ки гӯянд: «‎Бас!» Агар хештанро маломат кунӣ, Маломат набояд шунидан зи кас!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ

👁 19

Маталаб, гар тавонгарӣ хоҳӣ, Ҷуз қаноъат, ки давлатест ҳанӣ! Гар ғанӣ зар ба доман афшонад, То назар дар савоби ӯ накунӣ,

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар дунё набошад, дардмандем

👁 20

Агар дунё набошад, дардмандем, В-агар бошад, ба меҳраш пойбандем! Ҳиҷобе з-ин даруношӯбтар нест, Ки ранҷи хотир аст, ар ҳасту гар нест!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба зикраш, ҳар чӣ бинӣ, дар хурӯш аст

👁 20

Ба зикраш, ҳар чӣ бинӣ, дар хурӯш аст, Диле донад дар ин маънӣ, ки гӯш аст! На булбул бар гулаш тасбеҳхонест, Ки ҳар хоре ба тасбеҳаш забонест!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дӯш мурғе ба субҳ менолид

👁 24

Дӯш мурғе ба субҳ менолид, Ақлу сабрам бибурду тоқату ҳуш! Яке аз дӯстони мухлисро Магар овози ман расид ба гӯш,

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу ҳар соат аз ту ба ҷое равад дил

👁 27

Чу ҳар соат аз ту ба ҷое равад дил, Ба танҳоӣ андар сафое набинӣ! В-арат ҷоҳу мол асту заръу тиҷорат, Чу дил бо Худояст, хилватнишинӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ту некуравиш бош, то бадсигол

👁 17

Ту некуравиш бош, то бадсигол Ба нақси ту гуфтан наёбад маҷол! Чу оҳанги барбат бувад мустақим, Кай аз дасти мутриб хурад гӯшмол?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дар баста ба рӯйи худ зи мардум

👁 16

Дар баста ба рӯйи худ зи мардум, То айб нагустаранд моро. Дар баста чӣ суду Олимулғайб Донои ниҳону ошкоро!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чанд гӯйӣ, ки бадандешу ҳасуд

👁 20

Чанд гӯйӣ, ки бадандешу ҳасуд Айбҷӯёни мани мискинанд?! Гаҳ ба хун рехтанам бархезанд, Гаҳ ба бад хостанам биншинанд?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба узру тавба тавон растан аз азоби Худой

👁 10

Ба узру тавба тавон растан аз азоби Худой, Валек менатавон аз забони мардум раст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Андарун аз таъом холӣ дор

👁 25

Андарун аз таъом холӣ дор, То дар ӯ нури маърифат бинӣ! Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он, Ки пурӣ аз таъом то бинӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе

👁 19

Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе, К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш. В-агар сад боби ҳикмат пеши нодон Бихонанд, оядаш бозича дар гӯш!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Овози хуш аз кому даҳону лаби ширин

👁 27

Овози хуш аз кому даҳону лаби ширин Гар нағма кунад в-ар накунад, дил бифиребад! В-ар пардаи «Ушшоқ»-у «‎Хуросон»-у «‎Ҳиҷоз» аст, Аз ҳанҷари мутриби макруҳ назе

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

👁 29

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб, Ки ҷабри хотири мискин бало бигардонад. Чу соил аз ту ба зорӣ талаб кунад чизе, Бидеҳ, в-агарна ситамгар ба зӯр бистонад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд

👁 25

Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд, Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг. Бо сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз? Наравад мехи оҳанӣ дар санг.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу пирӯз шуд дузди тираравон

👁 30

Чу пирӯз шуд дузди тираравон, Чӣ ғам дорад аз гиряи корвон?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун банда Худои хеш хонад

👁 23

Чун банда Худои хеш хонад, Бояд, ки ба ҷуз Худо надонад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Онон, ки чун писта дидамаш ҳама мағз

👁 28

Онон, ки чун писта дидамаш ҳама мағз, Пӯст бар пӯст буд ҳамчу пиёз. Порсоёни рӯйдармахлуқ Пушт бар қибла мекунанд намоз.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй басо аспи тезрав, ки бимонд

👁 26

Эй басо аспи тезрав, ки бимонд, Ки хари ланг ҷон ба манзил бурд. Баски дар хок тандурустонро Дафн кардему захмхӯрда намурд.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шахсе ҳама шаб бар сари бемор гирист

👁 47

Шахсе ҳама шаб бар сари бемор гирист, Чун рӯз омад, бимурду бемор бизист.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

На ба астар-бар саворам, на чу уштур зери борам

👁 26

На ба астар-бар саворам, на чу уштур зери борам, На худованди раъийят, на ғуломи шаҳрёрам. Ғами мавҷуду парешонии маъдум надорам, Нафасе мезанам осудаву умре ме

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Далқат ба чӣ кор ояду мисҳиву мураққаъ

👁 20

Далқат ба чӣ кор ояду мисҳиву мураққаъ, Худро зи амалҳои накуҳида барӣ дор! Ҳоҷат ба кулоҳи баракӣ доштанат нест, Дарвешсифат бошу кулоҳи татарӣ дор!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар сӯ давад он, к-аш зи бари Хеш биронад

👁 24

Ҳар сӯ давад он, к-аш зи бари Хеш биронад, В-онро, ки бихонад, ба дари кас надавонад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гар маро зор ба куштан диҳад он Ёри азиз

👁 19

Гар маро зор ба куштан диҳад он Ёри азиз, То нагӯйӣ, ки дар он дам ғами ҷонам бошад. Гӯям: «‎Аз бандаи мискин чӣ гунаҳ содир шуд? К-Ӯ дилозурда шуд аз ман, ғами

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хуш аст зери муғилон ба роҳи бодия хуфт

👁 23

Хуш аст зери муғилон ба роҳи бодия хуфт, Шаби раҳил, вале тарки ҷон бибояд гуфт!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 370 аз 1003