Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дӯш мурғе ба субҳ менолид

Дӯш мурғе ба субҳ менолид, Ақлу сабрам бибурду тоқату ҳуш! Яке аз дӯстони мухлисро Магар овози ман расид ба гӯш, Гуфт: «‎Бовар надоштам, ки туро, Бонги мурғе чунин кунад мадҳуш!» Гуфтам: «Ин шарти одамийят нест, Мурғ тасбеҳгӯю ман хомӯш!».