Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2741

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1832

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1453

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1274

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 845

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 787

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 759

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 733

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 685

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 685

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 685

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 680

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 654

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 639

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 598

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Фаҳми сухан чун накунад мустамиъ

👁 30

Фаҳми сухан чун накунад мустамиъ, Қуввати табъ аз мутакаллим маҷӯй! Фусҳати майдони иродат биёр, То бизанад марди сухангӯй гуй

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дӯст наздиктар аз ман ба ман аст

👁 25

Дӯст наздиктар аз ман ба ман аст, В-инт мушкил, ки ман аз Вай дурам! Чӣ кунам? Бо кӣ тавон гуфт, ки Ӯ Дар канори ману ман маҳҷурам?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Яке пурсид аз он гумкардафарзанд

👁 23

Яке пурсид аз он гумкардафарзанд, Ки «‎Эй равшангуҳар, пири хирадманд, Зи Мисраш бӯйи пироҳан шунидӣ, Чиро дар чоҳи Канъонаш надидӣ?!»

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст

👁 29

Шахсам ба чашми оламиён хубманзар аст В-аз хубси ботинам сари хиҷлат фитода пеш. Товусро ба нақшу нигоре, ки ҳаст, халқ Таҳсин кунанду ӯ хаҷил аз пойи зишти хеш

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Набинад муддаъӣ ҷуз хештанро

👁 24

Набинад муддаъӣ ҷуз хештанро, Ки дорад пардаи пиндор дар пеш! Гарат чашми худобине бибахшанд, Набинӣ ҳич кас оҷизтар аз хеш.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Эй ҳунарҳо гирифта бар кафи даст

👁 15

Эй ҳунарҳо гирифта бар кафи даст, Айбҳо баргирифта зери бағал! То чӣ хоҳӣ харидан, эй мағрур, Рӯзи дармондагӣ ба сими дағал?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба як нотарошида дар маҷлисе

👁 14

Ба як нотарошида дар маҷлисе, Биранҷад дили ҳушмандон басе! Агар биркае пур кунанд аз гулоб, Саге дар вай уфтад, кунад манҷалоб!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу аз қавме яке бедонишӣ кард

👁 17

Чу аз қавме яке бедонишӣ кард, На кеҳро манзилат монад, на меҳро! Шунидастӣ, ки гове дар алафхор Биёлояд ҳама говони деҳро?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сурати ҳоли орифон далқ аст

👁 25

Сурати ҳоли орифон далқ аст, Ин қадар бас, чу рӯй дар халқ аст! Дар амал кӯшу ҳар чӣ хоҳӣ пӯш, Тоҷ бар сар неҳу алам бар дӯш!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд

👁 27

Ҳар кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд, Бегумон, айби ту пеши дигарон хоҳад бурд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шунидам, ки мардони роҳи Худой

👁 18

Шунидам, ки мардони роҳи Худой Дили душманонро накарданд танг. Туро кай муяссар шавад ин мақом, Ки бо дӯстонат хилоф асту ҷанг?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Рӯй бар хоки аҷз мегӯям

👁 15

Рӯй бар хоки аҷз мегӯям, Ҳар саҳаргаҳ, ки бод меояд: «‎Ай, ки ҳаргиз фаромуш-т накунам, Ҳичат аз банда ёд меояд?!»‎

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бар дари Каъба соиле дидам

👁 22

Бар дари Каъба соиле дидам, Ки ҳамегуфту мегиристӣ х(в)аш: «Менагӯям, ки тоъатам бипазир, Қалами афв бар гуноҳам каш!»‎

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳар киро ҷомапорсо бинӣ

👁 16

Ҳар киро ҷомапорсо бинӣ, Порсо дону некмард ангор! В-ар надонӣ, ки дар ниҳонаш чист. Муҳтасибро даруни хона чӣ кор?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бузургаш нахонанд аҳли хирад

👁 15

Бузургаш нахонанд аҳли хирад, Ки номи бузургон ба зиштӣ барад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳаргиз онро ба дӯстӣ мапсанд

👁 25

Ҳаргиз онро ба дӯстӣ мапсанд, Ки равад ба ҷойи нописандида. Ташнаро дил нахоҳад оби зулол, Нимхӯрди даҳони гандида!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ташнаи сӯхта дар чашмаи равшан чу расид

👁 28

Ташнаи сӯхта дар чашмаи равшан чу расид, Ту мапиндор, ки аз пили дамон андешад! Мулҳиди гурсина дар хонаи холӣ бар хон, Ақл бовар накунад, к-аз рамазон андешад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бахту давлат ба кордонӣ нест

👁 28

Бахту давлат ба кордонӣ нест, Ҷуз ба таъйиди осмонӣ нест! Уфтодааст дар ҷаҳон бисёр, Бетамиз арҷманду оқил хор!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар дониш ба рӯзӣ дарфузудӣ

👁 51

Агар дониш ба рӯзӣ дарфузудӣ, Зи нодон тангрӯзитар набудӣ! Ба нодонон чунон рӯзӣ расонад, Ки доно андар он оҷиз бимонад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу коре бе фузули ман барояд

👁 34

Чу коре бе фузули ман барояд, Маро дар вай сухан гуфтан нашояд! В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст, Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Умри гаронмоя дар ин сарф шуд

👁 19

Умри гаронмоя дар ин сарф шуд, То чӣ хурам сайфу чӣ пӯшам шито?! Эй шиками хира, ба тое бисоз, То накунӣ пушт ба хидмат дуто!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ба даст оҳаки тафта кардан хамир

👁 17

Ба даст оҳаки тафта кардан хамир, Беҳ аз даст бар сина пеши амир!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То тавонӣ, даруни кас махарош

👁 22

То тавонӣ, даруни кас махарош, К-андарин роҳ хорҳо бошад! Кори дарвеши мустаманд барор, Ки туро низ корҳо бошад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

На мард аст он ба наздики хирадманд

👁 25

На мард аст он ба наздики хирадманд, Ки бо пили дамон пайкор ҷӯяд! Бале, мард он кас аст аз рӯйи таҳқиқ, Ки чун хашм оядаш, ботил нагӯяд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

То дили дӯстон ба даст орӣ

👁 22

То дили дӯстон ба даст орӣ, Бӯстони падар фурӯхта беҳ. Пухтани деки некхоҳонро, Ҳар чӣ рахти сарост, сӯхта беҳ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 371 аз 1003