Яке пурсид аз он гумкардафарзанд
Яке пурсид аз он гумкардафарзанд,
Ки «Эй равшангуҳар, пири хирадманд,
Зи Мисраш бӯйи пироҳан шунидӣ,
Чиро дар чоҳи Канъонаш надидӣ?!»
Бигуфт: «Аҳволи мо барқи ҷаҳон аст,
Даме пайдову дигар дам ниҳон аст!
Гаҳе бар торами аъло нишинем,
Гаҳе бар пушти пойи худ набинем!
Агар дарвеш дар ҳоле бимондӣ
Сари даст аз ду олам барфишондӣ!»