Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2742

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1832

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1548

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1453

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1275

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1106

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1090

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 900

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 867

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 845

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 823

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 813

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 787

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 759

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 733

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 714

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 702

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан

👁 686

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 685

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 685

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 683

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 680

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 654

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 639

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 598

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳамаи шеърҳо

Ғарибе гарат мост пеш оварад

👁 18

Ғарибе гарат мост пеш оварад, Ду паймона об асту як чамча дӯғ. Агар рост мехоҳӣ, аз ман шунав, Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хилофи ройи султон рой ҷустан

👁 52

Хилофи ройи султон рой ҷустан, Ба хуни хеш бошад даст шустан. Агар худ рӯзро гӯяд шаб аст ин, Бибояд гуфтан, онак Моҳу Парвин!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт

👁 23

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт, Талхию хушию зишту зебо бигузашт. Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард, Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гар на уммеду бими роҳату ганҷ

👁 24

Гар на уммеду бими роҳату ганҷ, Пойи дарвеш бар фалак будӣ. В-ар вазир аз Худо битарсидӣ Ҳамчунон к-аз малик, малак будӣ.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст

👁 20

Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст, К-ин давлату мулк меравад дастбадаст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Яке имрӯз комрон бинӣ

👁 31

Яке имрӯз комрон бинӣ, Дигареро дил аз муҷоҳада реш. Рӯзаке чанд бош, то бихурад Хок мағзи сари хаёландеш.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Подшаҳ посбони дарвеш аст

👁 25

Подшаҳ посбони дарвеш аст, Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст. Гӯспанд аз барои чӯпон нест, Балки чӯпон барои хидмати ӯст!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ё вафо худ набуд дар олам

👁 25

Ё вафо худ набуд дар олам, Ё магар кас дар ин замона накард?! Кас наёмӯхт илми тир аз ман Ки маро оқибат нишона накард!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз

👁 18

Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз, Ки халқ бар сари мо бар замин бихоҳад рафт. Чунонки дастбадаст омадааст мулк ба мо, Ба дастҳои дигар ҳамчунин бихоҳад рафт.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳазар кун зи дарди дарунҳои реш

👁 21

Ҳазар кун зи дарди дарунҳои реш, Ки реши дарун оқибат сар кунад! Ба ҳам бар макун, то тавонӣ диле, Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам баркунад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Зӯрат ар пеш меравад бо мо

👁 22

Зӯрат ар пеш меравад бо мо, Бо Худованди ғайбдон наравад. Зӯрмандӣ макун бо аҳли замин, То дуъое бар осмон наравад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Меҳтарӣ дар қабули фармон аст

👁 22

Меҳтарӣ дар қабули фармон аст, Тарки фармон далели ҳирмон аст. Ҳар кӣ симои ростон дорад, Сари хидмат бар остон дорад!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Гар газандат расад зи халқ, маранҷ

👁 27

Гар газандат расад зи халқ, маранҷ, Ки на роҳат расад зи халқ, на ранҷ. Аз Худо дон хилофи душману дӯст, К-ин дили ҳар ду дар тасарруфи Ӯст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сулҳ бо душман агар хоҳӣ, ҳар гаҳ ки туро

👁 24

Сулҳ бо душман агар хоҳӣ, ҳар гаҳ ки туро Дар қафо айб кунад, дар назараш таҳсин кун! Сухан охир ба даҳон мегузарад музиро, Суханаш талх нахоҳӣ, даҳанаш ширин к

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор

👁 23

Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор, Сари худро ба нодонӣ шикастӣ! Чу тир андохтӣ бар рӯйи душман, Чунин дон, к-андар омоҷаш нишастӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт

👁 25

Ҳамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт Пилбоне бар лаби дарёи Нил: «‎Зери поят гар бидонӣ ҳоли мӯр, Ҳамчу ҳоли туст зери пойи пил!»‎.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Носазоеро, ки бинӣ бахтёр

👁 30

Носазоеро, ки бинӣ бахтёр, Оқилон таслим карданд ихтиёр. Чун надорӣ нохуни даррандатез, Бо дадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Намонад ситамкори бадрӯзгор

👁 28

Намонад ситамкори бадрӯзгор, Бимонад бар ӯ лаънати пойдор!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳосил нашавад ризои Султон

👁 21

Ҳосил нашавад ризои Султон, То хотири бандагон наҷӯйӣ. Хоҳӣ, ки Худой бар ту бахшад, Бо халқи Худой кун накуӣ!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Мискин хар агарчи бетамиз аст

👁 38

Мискин хар агарчи бетамиз аст, Чун бор ҳамебарад, азиз аст. Говону харони борбурдор, Беҳ з-одамиёни мардумозор!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Оташи сӯзон накунад бо сипанд

👁 24

Оташи сӯзон накунад бо сипанд, Он чӣ кунад дуди дили дардманд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Агар зи боғи раъийят малик хурад себе

👁 40

Агар зи боғи раъийят малик хурад себе, Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех. Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад, Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт

👁 10

Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт, Нӯшинравон намурд, ки номи наку гузошт!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Наёсояд машом аз таблаи уд

👁 22

Наёсояд машом аз таблаи уд, Бар оташ неҳ, ки чун анбар бибӯяд! Бузургӣ боядат, бахшандашгӣ кун, Ки дона то наяфшонӣ, нарӯяд!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Худойрост мусаллам бузургвориву ҳукм

👁 16

Худойрост мусаллам бузургвориву ҳукм, Ки ҷурм бинаду нон барқарор медорад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 372 аз 1003