Носазоеро, ки бинӣ бахтёр
Носазоеро, ки бинӣ бахтёр,
Оқилон таслим карданд ихтиёр.
Чун надорӣ нохуни даррандатез,
Бо дадон он беҳ, ки кам гирӣ ситез!
Ҳар кӣ бо пӯлодбозу панҷа кард,
Соиди мискини худро ранҷа кард.
Бош, то дасташ бибандад рӯзгор,
Пас ба коми дӯстон мағзаш барор!