Эй гирифтори пойбанди иёл
Эй гирифтори пойбанди иёл,
Дигар осудагӣ мабанд хиёл!
Ғами фарзанду нону ҷомаву қут,
Бозат орад зи сайр дар Малакут!
Ҳама рӯз иттифоқ месозам,
Ки ба шаб бо Худой пардозам.
Шаб чу ақди намоз мебандам,
Чӣ хурад бомдод фарзандам?!