Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дорад дарвеш нӯши дигар
Дорад дарвеш нӯши дигар В-андар сару чашм ҳуши дигар. Дар вақти самоъ сӯфиёнро Аз арш расад хурӯши дигар.
Нурест миёни шаъри аҳмар
Нурест миёни шаъри аҳмар Аз дидаву ваҳму рӯҳ бартар! Хоҳӣ худро бад-ӯ бидӯзӣ, Бархезу ҳиҷоби нафс бардар!
Дар ин сармову борон ёр хуштар!
Дар ин сармову борон ёр хуштар! Нигор андар канору ишқ дар сар! Нигор андар канору чун нигоре?! Латифу хубу чусту тозаву тар!
Маро иқбол хандонид охир
Маро иқбол хандонид охир, Инон ин сӯ бигардонид охир. Замоне мурғи дил барбастапар буд, Бидодаш парру парронид охир.
Маро, ёро, чунин бе ёр магзор!
Маро, ёро, чунин бе ёр магзор! Зи ман магзар, маро магзор, магзор! Ба зинҳорат даромад ҷони чокар, Маро дар ҳиҷри безинҳор магзор!
Ҷафо аз сар гирифтӣ, ёд медор!
Ҷафо аз сар гирифтӣ, ёд медор! Накардӣ, он чи гуфтӣ, ёд медор! Бигуфтӣ: “То қиёмат бо ту ҷуфтам”, Кунун бо ҷавр ҷуфтӣ, ёд медор!
То чанд занӣ бар ман з-инкор ту хор, охир?!
То чанд занӣ бар ман з-инкор ту хор, охир?! Ман бо ту намегӯям, ай мурдаи пор, охир! Монандаи абрӣ ту, ҳам музлиму беборон, Торик макун, ай абр, як қатра биёр,
Нимет зи заҳр омад, ниме дигар аз шаккар
Нимет зи заҳр омад, ниме дигар аз шаккар, Биллаҳ, ки чунин мангар, биллаҳ, ки чунон мангар! Ҳарчанд, ки заҳр аз ту конест шакарҳоро, З-он рӯ, ки чунин нурӣ, з-о
Маро ҳамчун падар бингар, на ҳамчун шавҳари модар
Маро ҳамчун падар бингар, на ҳамчун шавҳари модар, Падарро нек воқиф дон аз он кажбозии музмар! Ту гардӣ рост авлотар, аз он ки каж ниҳӣ ӯро, В-агар ту каж ниҳӣ
Дӣ саҳарӣ бар гузаре гуфт маро ёр…
Дӣ саҳарӣ бар гузаре гуфт маро ёр: “Шефтаву бехабарӣ чанд аз ин кор! Чиҳраи ман рашки гулу дидаи худро Карда пур аз хуни ҷигар дар талаби хор?!”
Рав, чашми ҷонро баркушо, дар бедилон – андар нигар
Рав, чашми ҷонро баркушо, дар бедилон – андар нигар, Қавме чу дил зеру забар, қавме чу ҷон бепову сар! Бе касбу бе кӯшиш ҳама, чун дег дар ҷӯшиш ҳама, Бе пардав
Ай шоҳиди симинзақан, дардиҳ шаробе ҳамчу зар
Ай шоҳиди симинзақан, дардиҳ шаробе ҳамчу зар, То синаҳо равшан шавад, афзун шавад нури назар! Кӯрии ҳушёрони диҳ он ҷоми султонӣ бидиҳ, То ҷисм гардад ҳамчу ҷо
Шохи гулӣ, боғ зи ту сабзу шод
Шохи гулӣ, боғ зи ту сабзу шод, Ҳаст ҳарифи ту дар ин рақс бод! Бод чу Ҷабрилу ту чун Марямӣ, Исии гулрӯй аз ин ҳар ду зод!
Оҳ, дар он шамъи мунаввар чӣ буд
Оҳ, дар он шамъи мунаввар чӣ буд, К-оташ зад дар дилу дилро рабуд?! Ай зада андар дили ман оташе, Сӯхтам, ай дӯст, биё, зуд, зуд!
Аз суйи дил лашкари ҷон омаданд
Аз суйи дил лашкари ҷон омаданд, Лашкари пайдову ниҳон омаданд. Ҷомаи сабри ман аз он чок шуд, К-аз раҳи ҷон ҷомадарон омаданд.
Оташи ишқи ту қаловуз шуд
Оташи ишқи ту қаловуз шуд, Дӯш дилам сӯйи дилафрӯз шуд. Чун ба сухан дошт маро дӯш ёр, Чун ба дами гарм ҷигарсӯз шуд.
Дидани рӯйи туам аз бомдод
Дидани рӯйи туам аз бомдод Дарди маро, бин, ки чи ором дод?! Дар дили ушшоқ чи оташ фиканд, Ҷониби асрор чӣ пайғом дод?!
З-он азалӣ нур, ки парвардаанд
З-он азалӣ нур, ки парвардаанд, Дар ту зиёдат назаре кардаанд. Хуш бинигар дар ҳама хуршедвор, То бигудоранд, ки афсурдаанд!
Ишқи ҷонон маро зи ҷон бибурид
Ишқи ҷонон маро зи ҷон бибурид, Ҷон ба ишқ-андарун зи худ бираҳид. З-он ки ҷон муҳдас асту ишқ қадим, Ҳаргиз ин дар вуҷуди он нарасид!
Ман бисозам, валек кай шояд
Ман бисозам, валек кай шояд Зоғ бо тӯтиён шакар хояд?! Ҳар якеро вилоятест ҷудо, Кажж бо рост рост кай ояд?!
Бӯйи дилдори мо намеояд
Бӯйи дилдори мо намеояд, Тутӣ ин ҷо шакар намехояд! Ҳар мақоме, ки ранги он гул нест, Булбули ҷонҳо бинасрояд!
Ҳар киро завқи дин падид ояд
Ҳар киро завқи дин падид ояд, Шаҳди дунё-ш кай лазиз ояд?! Ончунон ақлро чи хоҳӣ кард, Ки нагунсори як набиз ояд?!
Ҳар ки дар завқи ишқ данг омад
Ҳар ки дар завқи ишқ данг омад, Нек фориғ зи ному нанг омад! Нашавад банди гуфтугӯйи ҷаҳон Шергире, ки чун паланг омад!
Шиъри ман нони Мисрро монад
Шиъри ман нони Мисрро монад, Шаб бар ӯ бигзарад, натонӣ х(в)ард! Он замонаш бихур, ки тоза бувад, Пеш аз он ки бар ӯ нишинад гард!
Модари ишқ тифли ошиқро
Ғазалми шумораи 347 Модари ишқ тифли ошиқро Пеши султони беамон набарад. То нашуд болиғу зи ҷон фориғ,

