Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2718

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1815

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1537

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1447

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1263

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1095

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1087

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 891

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 866

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 838

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 816

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 800

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 774

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 749

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 728

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 700

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 697

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 677

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 676

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 671

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 670

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 670

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 652

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 633

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 592

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Шоҳиде бин, ки дар замона бизод

👁 18

Шоҳиде бин, ки дар замона бизод, Буту бутхонаро ба бод бидод! Шоҳидоне, ки дар ҷаҳон самаранд, Кас аз эшон дигар наёрад ёд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зиндагониш садри олӣ бод

👁 13

Зиндагониш садри олӣ бод, Эзадаш посбону колӣ бод! Ҳар чи нася-ст муқбилонро айш, Пеши ӯ нақди вақту ҳолӣ бод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хусравоне, ки фитнаи Чинед

👁 11

Хусравоне, ки фитнаи Чинед, Фитна бархост, ҳеҷ наншинед! Ҳам шумо, ҳам шумо, ки зебоед, Ҳам шумо, ҳам шумо, ки ширинед!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Оташ афканд дар ҷаҳон Ҷамшед

👁 18

Оташ афканд дар ҷаҳон Ҷамшед Аз паси чор парда чун хуршед! Хунук ӯро, ки шуд бараҳна зи буд, Вой онро, ки ҷуст сояи бед!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Себаке ним сурху ниме зард

👁 20

Себаке ним сурху ниме зард Заъфарон лоларо ҳикоят кард: Чун ҷудо гашт ошиқ аз маъшуқ, Нимае ханда буду ниме дард.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дида хун гашту хун намехусбад

👁 19

Дида хун гашту хун намехусбад, Дили ман аз ҷунун намехусбад. Мурғу моҳӣ зи ман шуда хира, К-ин шабу рӯз чун намехусбад?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Саҳар ин дили ман зи савдо чи мешуд?!

👁 17

Саҳар ин дили ман зи савдо чи мешуд?! Аз он барқи рухсору симо чи мешуд? Аз он талъати хуш в-аз он обу оташ Зи фарқи сари банда то по чи мешуд?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳазор ҷони муқаддас фидойи рӯйи ту бод!

👁 25

Ҳазор ҷони муқаддас фидойи рӯйи ту бод! Ки дар ҷаҳон чу ту хубе касе надиду назод! Ҳазор раҳмати дигар нисори он ошиқ, Ки ӯ ба доми ҳавои чу ту шаҳе афтод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зи ҷони сӯхтаам халқро ҳизор кунед

👁 15

Зи ҷони сӯхтаам халқро ҳизор кунед, Ки, Аллаҳ-Аллаҳ, зи оташрухон фирор кунед! Ки оташи рухашон хосият чунин дорад, Ки ҳар қарор, ки доред, беқарор кунед!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Салом бар ту, ки сӣни салом бар ту расид

👁 25

Салом бар ту, ки сӣни салом бар ту расид, Салом гирди ҷаҳон гашт, ҷуз ту напсандид! Ба гирди боми ту гардон кабӯтарони салом, Ки бе паноҳи ту касро нашояд ороми

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сапедадам бидамиду сапеда месояд

👁 13

Сапедадам бидамиду сапеда месояд, Ки Вайси рӯз рухи хешро биёрояд. Ғуломи рӯзи дилам, к-ӯ ба ҷой сад сол аст, Сапеда чиҳраи дилро ба кор менояд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сипос он адамеро, ки ҳасти мо бирабуд

👁 17

Сипос он адамеро, ки ҳасти мо бирабуд, Зи ишқи он адам омад ҷаҳони ҷон ба вуҷуд! Ба ҳар куҷо адам ояд, вуҷуд кам гардад, Зиҳӣ адам, ки чу омад, аз ӯ вуҷуд фузуд

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Касе хароби хароботу масти май бошад

👁 16

Касе хароби хароботу масти май бошад, Аз ӯ иморати имону хайр кай бошад?! Яке вуҷуд чу оташ бувад, набошад об, Муҳол бошад як маҳ баҳору дай бошад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ба боғ булбул аз ин пас навои мо гӯяд

👁 13

Ба боғ булбул аз ин пас навои мо гӯяд, Ҳадиси ишқи шакаррези ҷонфазо гӯяд. Агар зи ранги рухи ёри мо хабар дорад, Зи лолазору зи насрину гул чаро гӯяд?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Намози шом чу хуршед дар ғуруб ояд

👁 24

Намози шом чу хуршед дар ғуруб ояд, Бибандад ин раҳи ҳис, роҳи ғайб бикшояд! Ба пеши дар кунад арвоҳро фариштаи хоб, Ба шеваи галабоне, ки галларо пояд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Макун, макун, ки пушаймон шавиву бад бошад

👁 15

Макун, макун, ки пушаймон шавиву бад бошад, Ки бе инояти ҷон боғ чун лаҳад бошад! Чи риш барканӣ аз ғуссаву пушаймонӣ, Чу риши ақли ту дар дасти колбад бошад?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад

👁 28

Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад, Ки рӯзу шаб ба муроъотат иқтизо дорад! Зи шодиву зи фараҳ дар ҷаҳон намегунҷад, Ки чун ту ёри дилороми хушлиқо дорад

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сипосу шукр Худоро, ки бандҳо бикшод

👁 18

Сипосу шукр Худоро, ки бандҳо бикшод, Миён ба шукр чу бастем, банди мо бикшод! Ба ҷон расид фалак аз дуъову нолаи ман, Фалак даҳони худ андар раҳи дуъо бикшод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳабиб Каъбаи ҷон аст, агар намедонед

👁 18

Ҳабиб Каъбаи ҷон аст, агар намедонед, Ба ҳар тараф, ки бигардед, рӯ бигардонед! Ки ҷон вай аст ба олам, агар шумо ҷисмед, Ки ҷони ҷумлаи ҷонҳост, агар шумо ҷоне

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ба рӯҳҳои муқаддас зи ман салом баред

👁 15

Ба рӯҳҳои муқаддас зи ман салом баред, Ба ошиқони муқаддам зи ман паём баред! Ба рӯзи васл чу барқам, шаби фироқ чу абр, Аз ин ду ҳоли мушавваш, бигӯ, кадом бар

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Касе, ки ошиқи он равнақи чаман бошад

👁 16

Касе, ки ошиқи он равнақи чаман бошад, Аҷаб мадор, ки дар бедилӣ чу ман бошад! Ҳадиси сабр магӯед, сабрро раҳ нест Дар он диле, ки бад-он ёр мумтаҳан бошад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ба ёракони сафо ҷуз майи сафо мадиҳед

👁 15

Ба ёракони сафо ҷуз майи сафо мадиҳед, Чу май диҳед бад-эшон, ҷудо-ҷудо мадиҳед! Дар инчунин қадаҳ омехтан ҳаром бувад, Ба ошиқони Худо ҷуз майи Худо мадиҳед!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дарахту барг барояд зи хок, ин гӯяд

👁 16

Дарахту барг барояд зи хок, ин гӯяд, Ки, хоҷа, ҳар чи бикорӣ, туро ҳамон рӯяд! Туро агар нафасе монд, ҷуз ки ишқ макор, Ки чист ҳиммати мардум?! Ҳар он-ч меҷӯяд

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад

👁 45

Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад, Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад! Барои ман магирйу магӯ: “Дареғ, дареғ!”, Ба дӯғи дев дарафтӣ, дареғ он бошад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бар остонаи асрор осмон нарасад

👁 12

Бар остонаи асрор осмон нарасад, Ба боми фақру яқин ҳеч нардбон нарасад! Гумони ориф дар маърифат чу сайр кунад, Ҳазор ахтару маҳ андар он гумон нарасад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 330 аз 1003