Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зиндагониш садри олӣ бод

Зиндагониш садри олӣ бод, Эзадаш посбону колӣ бод! Ҳар чи нася-ст муқбилонро айш, Пеши ӯ нақди вақту ҳолӣ бод! Маҷлиси гарми пурҳаловати ӯ Аз ҳарифи фасурда холӣ бод! Ҷонҳо вокушода пар дар ғайб Баста пешаш чу нақши қолӣ бод! Бар ямину ясори ӯ давлат Ҳам ҷанубиву ҳам шимолӣ бод! Ду вилоят, ки ҷисму ҷон хонанд, Бар сари ҳар ду шоҳу волӣ бод! Бахти нақд аст Шамси Табрезӣ, Ӯ басам, ғайри ӯ маъолӣ бод!