Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2720

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1816

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1537

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1447

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1263

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1097

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1087

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 892

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 866

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 838

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 817

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 800

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 774

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 749

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 728

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Найнома

👁 700

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 697

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 678

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 677

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Ватан

👁 672

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 671

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 670

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 652

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 633

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 592

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Агар маро ту нахоҳӣ, дилам туро нагузорад

👁 13

Агар маро ту нахоҳӣ, дилам туро нагузорад, Ту ҳам ба сулҳ гаройӣ, агар Худо бигуморад! Ҳазор ошиқ дорӣ ба ҷону дил нигаронат, Ки то саъодату давлат киро ба тахт

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Зи сар бигирам айше, чу по ба ганҷ фурӯ шуд

👁 15

Зи сар бигирам айше, чу по ба ганҷ фурӯ шуд, Зи рӯйи пушту паноҳе, ки пуштҳо ҳама рӯ шуд! Дигар нашинам ҳаргиз ба роҳи дил, ки барояд, Куҷо барояд он дил, ки кӯ

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид

👁 8

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид, Нимшабе ногаҳон субҳи қиёмат дамид. Воситаҳоро бурид, дид ба худ хешро, Он-ч забоне нагуфт, бе cару гӯше шунид!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид

👁 30

Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид, Ай хунук онро, ки ӯ рӯйи шуморо надид! Ман шуда миҳмони ту, дар чамани ҷони ту Пой пур аз хор шуд, даст яке гул начид

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бори дигар омадем, то шавад иқбол шод

👁 18

Бори дигар омадем, то шавад иқбол шод, Давлат бори дигар дар рухи мо рӯ кушод! Сурма кашид ин ҷаҳон боз зи дидори мо, Гашт ҷаҳон тозарӯй, чашми бадаш дур бод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ману ҷони ту буд яке з-иттиҳод

👁 16

Ҷони ману ҷони ту буд яке з-иттиҳод, Ин ду, ки ҳар ду якест, ҷуз ки ҳамон як мабод! Фард чаро шуд адад?! Аз сабаби хӯйи бад, З-оташ боде бизод, дар сари мо рафт

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд

👁 18

Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд, Сад баҳри салтанат зи татовул сароб шуд. Сад бурҷи ҳирсу бухл ба хандақ даруфтод, Сад бахти нимхоб бакуллӣ ба хоб шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?!

👁 19

Имсол булбулон чӣ хабарҳо ҳамедиҳанд?! Ё Раб, ба тӯтиён чи шакарҳо ҳамедиҳанд?! Дар боғҳо дарой ту имсолу дарнигар, К-он шохҳои хушк чи барҳо ҳамедиҳанд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хуфта намуд дилбар, гуфтам: «Зи боғ зуд…»

👁 18

Хуфта намуд дилбар, гуфтам: «Зи боғ зуд Шафтолуе бидуздам», ӯ худ нахуфта буд! Хандиду гуфт: «Рӯбаҳ, охир, ба зиракӣ Аз дасти шер сайд куҷо саҳл даррабуд?!».

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Баҳрам ба худ кашиду маро ошно бибурд

👁 14

Баҳрам ба худ кашиду маро ошно бибурд, Як-як барад шуморо, он ки маро бибурд! Онро, ки буд оҳан, оҳанрабо кашид, В-онро, ки буд барги каҳе, каҳрабо бибурд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод

👁 11

Чандон ҳаловату мазаву мастиву кушод Дар чашмҳои масти ту наққош чун ниҳод?! Чашми ту баркушояд ҳар дам ҳазор чашм, Зеро Масеҳвор Худо қудраташ бидод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард

👁 11

Лутфе намонд, к-он санами хушлиқо накард, Моро чӣ ҷурм, агар карамаш бо шумо накард?! Ташнеъ1 мезанӣ, ки ҷафо кард он нигор, Хубе кӣ дид дар ду ҷаҳон, к-ӯ ҷафо

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гуфтӣ, ки дар чи корӣ, бо ту чи кор монад?!

👁 17

Гуфтӣ, ки дар чи корӣ, бо ту чи кор монад?! Коре, ки бе ту гирам, валлаҳ, ки зор монад! Гар хамри хулд нӯшам бо ҷомҳои заррин, Ҷумла судоъ гардад, ҷумла хумор м

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Барҷаҳ зи хобу бингар, нак, рӯзи равшан омад

👁 15

Барҷаҳ зи хобу бингар, нак, рӯзи равшан омад, Дилро зи хоб баркан, ҳангоми рафтан омад! То кай ишорат ояд, ту ношунуда орӣ?! Тарсам, ки ишқ гӯяд, к-ин хоҷа кавд

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд

👁 12

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд, Дар хонаи хаёлат шояд, ки ғам дарояд?! Ай он, ки ҳар вуҷуде з-оғоз аз ту хезад, Шояд, ки бо вуҷудат дар мо адам дарояд?

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Як хона пур зи мастон, мастони нав расиданд

👁 22

Як хона пур зи мастон, мастони нав расиданд, Девонагони бандӣ занҷирҳо дариданд! Бас иҳтиёт кардем, то нашнаванд эшон, Гӯйӣ, қазо дуҳул зад, бонги дуҳул шунидан

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Аз чашми пурхуморат, дилро қарор монад?!

👁 20

Аз чашми пурхуморат, дилро қарор монад?! В-аз рӯйи ҳамчу моҳат дар маҳ шумор монад?! Чун мутриби ҳавоят чанги тараб навозад, Мар Зуҳраи фалакро кай касбу кор мо

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад

👁 27

Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад, Ҳар сангдил дар ин раҳ қалб аз гуҳар надонад. Ҳар анкабути ҷавлаҳ дар тору пуди он чаҳ Аз завқи санъати худ завқи дигар

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мурғе, ки ногаҳонӣ дар доми мо даромад

👁 17

Мурғе, ки ногаҳонӣ дар доми мо даромад, Бишкаст домҳоро, бар ломакон баромад! Аз бодаи газофе шуд софи софи софе В-аз дурди ҳар ду олам ҷӯшиду бар сар омад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гули хандон, ки нахандад, чӣ кунад?!

👁 20

Гули хандон, ки нахандад, чӣ кунад?! Алам аз мушк набандад, чӣ кунад?! Нори хандон, ки даҳон бикшодаст, Чунки дар пӯст нагунҷад, чӣ кунад?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Аз дили рафта нишон меояд

👁 19

Аз дили рафта нишон меояд, Бӯйи он ҷону ҷаҳон меояд! Наъраву ғулғулаи он мастон Ошкорову ниҳон меояд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шаб шуду ҳангоми хилватгоҳ шуд

👁 12

Шаб шуду ҳангоми хилватгоҳ шуд, Қиблаи ушшоқ рӯйи моҳ шуд! Маҳпарастон, Моҳ хандидан гирифт, Шабравон, хезед, вақти роҳ шуд!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад

👁 9

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад В-арна касро ин тақозо кай расад?! Масти ишқам дор дойим бехумор, Ман нахоҳам мастие, к-аз май расад!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар чи дилбар кард, нох(в)аш чун бувад?!

👁 14

Ҳар чи дилбар кард, нох(в)аш чун бувад?! Ҳар чи киштафзост, оташ чун бувад?! Нақшҳое, ки нигорад он нигор, Ақли онро ҷуз, ки мафраш чун бувад?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай Худо аз ошиқон хушнуд бод

👁 14

Ай Худо аз ошиқон хушнуд бод, Ошиқонро оқибат маҳмуд бод! Ошиқонро аз ҷамолат ид бод, Ҷонашон дар оташат чун уд бод!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 331 аз 1003