Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд, Дар хонаи хаёлат шояд, ки ғам дарояд?! Ай он, ки ҳар вуҷуде з-оғоз аз ту хезад, Шояд, ки бо вуҷудат дар мо адам дарояд?! Ай ғам, ту ҷамъ мешав, к-инак сипоҳи шодӣ То Кайқубод шодон бо сад алам дарояд! Ай дил, мабош ғамгин, к- инак зи шоҳи ширин Он чанги пурнавойи холишикам дарояд! Он соқии илоҳӣ ояд зи базми шоҳӣ В-он мутриби маъонӣ акнун ба дам дарояд! Ай ғам, чи хирарӯйӣ, охир маро нагӯйӣ, Андар дарам дарафтӣ, чун ӯ дарам дарояд! Охир шавам мусаллам аз оташи ту, ай ғам, З-он кас, ки ҷонфазойӣ ӯро салам дарояд!