Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад

Бемори ранҷи сафро завқи шакар надонад, Ҳар сангдил дар ин раҳ қалб аз гуҳар надонад. Ҳар анкабути ҷавлаҳ дар тору пуди он чаҳ Аз завқи санъати худ завқи дигар надонад! В-он, к-ӯ зи чаҳ барафтад, дар ҷому соғар афтад, Мастӣ-ш дар сар афтад, поро зи сар надонад!