Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

З-он азалӣ нур, ки парвардаанд

З-он азалӣ нур, ки парвардаанд, Дар ту зиёдат назаре кардаанд. Хуш бинигар дар ҳама хуршедвор, То бигудоранд, ки афсурдаанд! Сӯйи дарахтон нигар, ай навбаҳор, К-аз дайи девона бипажмурдаанд. Лаб бикушо, ҳайкали Исо бихон, К-аз дами Даҷҷоли ҷафо мурдаанд! Бишкан имрӯз хумори ҳама, К-аз майи ту чошние бурдаанд! Дардиҳ тарёқи ҳаёти абад, К-ин ҳамагон заҳри фано хурдаанд! Ҳамчу саҳар пардаи шабро бидар, К-ин ҳама маҳҷуби дусад пардаанд! Бас куну Хомӯш, машав садзабон, Чунки яке гӯш наёвардаанд!