Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дорад дарвеш нӯши дигар

Дорад дарвеш нӯши дигар В-андар сару чашм ҳуши дигар. Дар вақти самоъ сӯфиёнро Аз арш расад хурӯши дигар. Ту сурати ин самоъ бишнав, К-эшон доранд гӯши дигар. Сад дег ба ҷӯш ҳаст ин ҷо, Дорад дарвеш ҷӯши дигар! Ҳамзонуи он, ки ту-ш набинӣ Сармаст зи майфурӯши дигар. Дарвеш зи дӯш боз маст аст, Ғайри шабу рӯзи дӯши дигар. Моем чу ҷон хамӯшу гӯё, Ҳайроншуда дар Хамӯши дигар!