Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шиъри ман нони Мисрро монад

Шиъри ман нони Мисрро монад, Шаб бар ӯ бигзарад, натонӣ х(в)ард! Он замонаш бихур, ки тоза бувад, Пеш аз он ки бар ӯ нишинад гард! Гар масири замир ҷойи вай аст, Мебимирад дар ин ҷаҳон аз бард! Ҳамчу моҳӣ даме ба хушк тапид, Соъате дигараш бибинӣ сард! В-ар хурӣ бар хаёли тозагияш, Бас хаёлот нақш бояд кард! Он-ч нӯшӣ, хаёли ту бошад, Набувад гуфтани куҳан, ай мард!