Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2709

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1809

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1531

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1444

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1260

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1093

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1083

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 887

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 862

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 835

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 810

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 797

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 773

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 744

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 726

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 695

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 694

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 675

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 671

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 669

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 667

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ватан

👁 665

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 650

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 631

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 588

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Сад ҳазорон ҳамчу мо ғарқа дар ин дарёйи дил

👁 18

Сад ҳазорон ҳамчу мо ғарқа дар ин дарёйи дил, То чи бошад оқибатшон войи дил, ай войи дил! Гар амон хоҳӣ, амоне надҳатат он беамон, Мекашад ҷонро аз ин гил то б

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Имрӯз, биҳамдуллаҳ, аз дӣ батар аст ин дил

👁 9

Имрӯз, биҳамдуллаҳ, аз дӣ батар аст ин дил, Имрӯз дар ин савдо ранге дигар аст ин дил! Дар зери дарахти гул, дӣ бода ҳамехӯрд ӯ, Аз хӯрдани он бода зеру забар а

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бақо андар бақо бошад тариқи камзанон, ай дил

👁 15

Бақо андар бақо бошад тариқи камзанон, ай дил, Яқин андар яқин омад қаландар, бегумон, ай дил! Ба ҳар лаҳза зи тадбире ба иқлиме равад мире, Зи ҷоҳу қуввати пир

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳалқаи дил задам шабе дар ҳаваси саломи дил

👁 6

Ҳалқаи дил задам шабе дар ҳаваси саломи дил, Бонг расид, кист он, гуфтам: “Ман – ғуломи дил!”. Шуълаи нури он қамар мезад аз шикофи дар Бар дилу чашми раҳгузар,

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ин булъаҷаб, к-андар хазон шуд офтоб андар Ҳамал

👁 15

Ин булъаҷаб, к-андар хазон шуд офтоб андар Ҳамал, Хунам ба ҷӯш омад, кунад дар ҷӯйи тан рақсулҷамал! Ин рақси мавҷи хун нигар, саҳро пур аз Маҷнун нигар В-ин иш

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки дар ӯ нест аз ин ишқ ранг

👁 9

Ҳар ки дар ӯ нест аз ин ишқ ранг, Назди Худо нест ба ҷуз чӯбу санг! Ишқ баровард зи ҳар санг об, Ишқ тарошид зи ойина занг!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг

👁 10

Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг, Чу саг судоъ диҳад, тан мазан, баровар санг! Ба пеш ойу чунин хешро халова макун, Ки ин-т гӯяд, гӯл асту он-т гӯяд, да

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?!

👁 20

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?! Ӯ нашояд, ишқро диҳ санг, санг! Гар зи ҳар чизе билангӣ, дур шав, Роҳи дуру санглоху ланг-ланг?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?!

👁 21

Ишқ хомуш турфатар ё нуктаҳои чанг-чанг?! Оташи сода аҷабтар ё рухи ман ранг-ранг?! Барқи он рухро чи нисбат бо рухони зард-зард?! Тунги шаккарро чи нисбат бо д

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай зарифи ҷаҳон, салом алайк!

👁 17

Ай зарифи ҷаҳон, салом алайк! Ай ғариби замон, салом алайк! Ай саломи ту дарнагунҷида Дар хами осмон, салом алайк!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Андар о, бо мо нишон диҳ ростак

👁 9

Андар о, бо мо нишон диҳ ростак, Моҷароро дар миён ниҳ ростак! Чун камонӣ бо ман, охир, пеш о, Ҳамчу тире, к-ояд аз раҳ ростак!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Боз аз он кӯҳи Қоф омад Анқои ишқ

👁 10

Боз аз он кӯҳи Қоф омад Анқои ишқ, Боз баромад зи ҷон наъраву ҳайҳои ишқ! Боз баровард ишқ сар ба мисоли наҳанг, То шиканад заврақи ақл ба дарёи ишқ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ

👁 10

Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ, З-ин қулзуми пуроташ, ай чораи халойиқ! Ту бас қадим пирӣ, бас шоҳи беназирӣ, Ҷонро ту дастгирӣ аз офати алойиқ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар хумор орад судоъе бар сари савдои ишқ

👁 14

Гар хумор орад судоъе бар сари савдои ишқ, Даррасад дар ҳин мадад аз соқии саҳбои ишқ. В-ар бидаррад табли шодӣ лашкари ушшоқро, Муждаи инно фатаҳно дардамад су

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар ту танг ойӣ зи мо, зӯтар бурун рав, ай ҳариф

👁 16

Гар ту танг ойӣ зи мо, зӯтар бурун рав, ай ҳариф, К-аз турушрӯйӣ ҳамеранҷад дилороми зариф. Гар ҳаме инкори худ пинҳон кунӣ, бар рӯйи ту Менамояд душманиҳо бар

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мадорам як замон аз кор фориғ

👁 14

Мадорам як замон аз кор фориғ, Ки гардад одаме ғамхор фориғ! Чу фориғ шуд, ғам ӯро сухра гирад, Мабодо ҳеч кас, ай ёр, фориғ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биё, биё, ки туйӣ ҷони ҷони ҷони самоъ

👁 27

Биё, биё, ки туйӣ ҷони ҷони ҷони самоъ, Ҳазор шамъи мунаввар ба хонадони самоъ! Чу сад ҳазор ситора зи туст равшандил, Биё, ки моҳи тамомӣ дар осмони самоъ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тавбаи ман дуруст нест, хамӯш

👁 16

Тавбаи ман дуруст нест, хамӯш, Мани бетавбаро ба кас мафурӯш! Бандаи айбнокро бимарон, Раҳмати хешро аз ӯ бимапӯш!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Мабод бо каси дигар санову дашномаш

👁 12

Мабод бо каси дигар санову дашномаш, Ки ҳар ду оби ҳаёт аст: пухтаву хомаш. Хумори бодаи ӯ хуштар аст ё мастӣ, Ки бод то ба абад ҷонҳои мо ҷомаш!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Нидо расид ба ошиқ зи олами розаш

👁 7

Нидо расид ба ошиқ зи олами розаш, Ки ишқ ҳаст Буроқи Худой, метозаш! Таборакаллаҳ, дар хокиён чӣ бод афтод, Чу оби лутф биҷӯшид з-оташи нозаш?!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ман аст ӯ, ҳай мазанедаш!

👁 17

Ҷони ман аст ӯ, ҳай мазанедаш! Они ман аст ӯ, ҳай мабаредаш! Оби ман аст ӯ, нони ман аст ӯ, Масал надорад боғи умедаш!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Боз даромад табиб аз дари Айюби хеш

👁 28

Боз даромад табиб аз дари Айюби хеш, Юсуфи Канъон расид ҷониби Яъқуби хеш. Баҳри сафар сӯйи ёр хона барандохт дил, Дид, ки худ буд дил хонаи маҳбуби хеш.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ёр даромад зи боғ бехуду сармаст дӯш

👁 22

Ёр даромад зи боғ бехуду сармаст дӯш, Тавбакунон тавбаро сел бибурдаст дӯш! Ошиқи садсолаам, тавба куҷо, ман куҷо?! Тавбаи садсоларо ёр даришкаст дӯш!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хоҷа, ғалат кардайӣ дар сифати ёри хеш

👁 20

Хоҷа, ғалат кардайӣ дар сифати ёри хеш, Сустгумон будаӣ оқибати кори хеш! Дар ҳаваси гулрухон сустзанах гаштайӣ, Ҳой, агар дидайӣ рӯйи чу гулнори хеш!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Чун бизанад гарданам, саҷда кунад гарданаш

👁 16

Чун бизанад гарданам, саҷда кунад гарданаш, Шер хурад хуни ман, завқи ман аз хӯрданаш! Ҳин, ҳала, шери шикор, панҷа зи ман бармадор, Ин ки ҳазорон ҳазор миннати

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Саҳифаи 325 аз 1003