Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг
Ҳариф ҷанг гузинад, ту ҳам даро дар ҷанг,
Чу саг судоъ диҳад, тан мазан, баровар санг!
Ба пеш ойу чунин хешро халова макун,
Ки ин-т гӯяд, гӯл асту он-т гӯяд, данг!
Чи даст бошад, к-аз рӯ магас надонад ронд,
Зи сусттабъӣ кирме намоядаш чу паланг?!