Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?!

Ошиқиву онгаҳонӣ ному нанг?! Ӯ нашояд, ишқро диҳ санг, санг! Гар зи ҳар чизе билангӣ, дур шав, Роҳи дуру санглоху ланг-ланг?! Марг агар мард аст, ояд пеши ман, То кашам хуш дар канораш танг-танг! Ман аз ӯ ҷоне барам бе рангу бӯ, Ӯ зи ман далқе ситонад ранг-ранг! Ҷавру зулми дӯстро бар ҷон биниҳ, В-ар нахоҳӣ, пас салои ҷанг-ҷанг! Гар намехоҳӣ тароши сайқалаш, Бош чун ойинаи пурзанг, занг! Дастро бар чашми худ ниҳ, гӯ ба чашм, Чашм бикшо, хира мангар данг-данг!