Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи фарзин банди он рух ман, чи шаҳмотам, чи шаҳмотам?!
Зи фарзин банди он рух ман, чи шаҳмотам, чи шаҳмотам?! Макун, ай шаҳ мукофотам, макун, ай шаҳ мукофотам! Дилам пур гашт аз миҳре, ки бар чашм аст аз ӯ муҳре, Аг
Кашид ин дил гиребонам ба сӯйи кӯйи он ёрам
Кашид ин дил гиребонам ба сӯйи кӯйи он ёрам, Дар он кӯе, ки май хурдам, гарав шуд кафшу дасторам. Зи ақли худ чу рафтам ман, сари зулфаш гирифтам ман, Кунун дар
Гарм дарову дам мадиҳ, бода биёр, ай санам!
Гарм дарову дам мадиҳ, бода биёр, ай санам! Лобаи банда гӯш кун, гӯш махор, ай санам! Фавқи фалак макони ту, ҷону равон равони ту, Ҳил тарабе, ки барканад бехи
То ки асиру ошиқи он санами чу ҷон шудам
То ки асиру ошиқи он санами чу ҷон шудам, Дев наям, парӣ наям, аз ҳама чун ниҳон шудам?! Барф будам, гудохтам, то ки маро замин бихӯрд, То ҳама дуди дил шудам,
Ай ту бидода дар саҳар аз кафи хеш бодаам
Ай ту бидода дар саҳар аз кафи хеш бодаам, Ноз раҳо кун, ай санам, рост бигӯ, ки додаам?! Гарчи бирафтӣ аз барам, он бинарафт аз сарам, Бар сари раҳ, биё, бибин
То ба кай, ай шакар, чу тан бе дилу ҷон фиғон кунам?!
То ба кай, ай шакар, чу тан бе дилу ҷон фиғон кунам?! Чанд зи баргрези ғам зард шавам, хазон кунам?! Аз ғаму андуҳони ман сӯхт даруни ҷони ман, Ҷумла фурӯғи ота
Ҳар шабу ҳар саҳар туро ман ба дуъо бихостам
Ҳар шабу ҳар саҳар туро ман ба дуъо бихостам, То ба чи шеваҳо туро ман зи Худо бихостам?! То шавӣ аз суҷуди ман мӯниси ин вуҷуди ман, Худ бишуд ин вуҷуди ман, ч
Кори маро чу ӯ кунад, кори дигар чаро кунам?!
Кори маро чу ӯ кунад, кори дигар чаро кунам?! Чунки чашидам аз лабаш, ёди шакар чаро кунам?! Аз гулзор чун равам, ҷониби хор чун шавам?! Аз пайи шаб чу мурғи ша
Кӯҳ наям, санг наям, чун ки гудозон нашавам?!
Кӯҳ наям, санг наям, чун ки гудозон нашавам?! Дидам ҷамъийяти ту, чун ки парешон нашавам?! Кӯҳ зи кӯҳе биравад, санг зи санге бишавад, Пас, ман агар одамиям, ка
Тез давам, тез давам, то ба суворон бирасам
Тез давам, тез давам, то ба суворон бирасам, Нест шавам, нест шавам, то бари ҷонон бирасам! Хуш шудаам, хуш шудаам, пораи оташ шудаам, Хона бисӯзам, биравам, то
Ҳар нафасе тозатарам, к-аз сари равзан бипарам
Ҳар нафасе тозатарам, к-аз сари равзан бипарам, Чунки баҳорам ту, шаҳӣ, боғи туам, шохи тарам! Чунки туйӣ мир маро, дар бари худ гир маро, Хоки ту бодо кулаҳам,
Ҷамъи ту дидам, пас аз ин ҳеч парешон нашавам
Ҷамъи ту дидам, пас аз ин ҳеч парешон нашавам, Роҳи ту дидам, пас аз ин ҳамраҳи эшон нашавам! Ай ки ту шоҳи чаманӣ, сер кунӣ сад чу мане, Чашму дилам сер кунӣ,
Боз дар асрор равам, ҷониби он ёр равам
Боз дар асрор равам, ҷониби он ёр равам, Наъраи булбул шунавам, дар гулу гулзор равам! То кай аз ин шарму ҳаё, шарм бисӯзону биё, Ҳамраҳи дил гардам хуш, ҷониби
Боз омадам, боз омадам, аз пеши он ёр омадам
Боз омадам, боз омадам, аз пеши он ёр омадам, Дар ман нигар, дар ман нигар, баҳри ту ғамхор омадам! Шод омадам, шод омадам, аз ҷумла озод омадам, Чандин ҳазорон
Бас ҷаҳд мекардам, ки ман ойинаи некӣ шавам
Бас ҷаҳд мекардам, ки ман ойинаи некӣ шавам, Ту ҳукм мекардӣ, ки ман хумхонаи секӣ шавам! Хумхонаи хосон шудам, дарёи ғаввосон шудам, Хуршеди бенуқсон шудам, то
Ҳаргиз надонам рондани масте, ки уфтад бар дарам
Ҳаргиз надонам рондани масте, ки уфтад бар дарам, Дар хона гар май бошадам, пешаш ниҳам, бо вай хурам! Масте, ки шуд миҳмони ман, ҷони ман асту они ман, Тоҷи ма
Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам
Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам, Дар чашми масти ман нигар, к-аз кӯйи хаммор омадам. Сармояи мастӣ манам, ҳам дояи ҳастӣ манам, Боло манам, пастӣ ма
Ай осмон, ин чарх ман з-он моҳрӯ омӯхтам
Ай осмон, ин чарх ман з-он моҳрӯ омӯхтам, Хуршеди ӯро зарраам, ин рақс аз ӯ омӯхтам! Ай маҳ ниқоби рӯйи ӯ, ай об ҷон дар ҷӯйи ӯ, Бар рӯ давидан сӯйи ӯ з-он оби
Зи худ шудам зи ҷамоли пур аз сафо, ай дил!
Зи худ шудам зи ҷамоли пур аз сафо, ай дил! Бигуфтамаш, ки зиҳӣ хубии Худо, ай дил! Ғуломи туст ҳазор офтобу чашму чароғ, Зи партави ту зулол аст ҷонҳо, ай дил!
Паём кард маро бомдод баҳри асал
Паём кард маро бомдод баҳри асал, Ки мавҷ-мавҷи асал бин ба чашми халқ ғазал! Ба рӯзадор наояд зи об ҷуз бонге, Валек оқибат он бонг ҳам расад ба амал!
Агар дарояд ногаҳ санам, зиҳӣ иқбол!
Агар дарояд ногаҳ санам, зиҳӣ иқбол! Чу дар бутон занад оташ бутам, зиҳӣ иқбол! Чунон ки дӣ зи ҷамолаш ҳазор тавба шикаст, Агар расад аҷаб имрӯз ҳам, зиҳӣ иқбол
Ду чашм агар бикушодӣ ба офтоби висол
Ду чашм агар бикушодӣ ба офтоби висол, Баро ба чархи ҳақойиқ, дигар магӯ зи хаёл! Ситораҳо бинигар аз варои зулмату нур, Чу зарра рақскунон дар шуъоъи нури ҷало
Чанд аз ин қилу қол?! Ишқ парасту бибол
Чанд аз ин қилу қол?! Ишқ парасту бибол, То ту бимонӣ чу ишқ дар ду ҷаҳон безавол! Чанд кашӣ бори ҳаҷр, ғуссаву темори ҳаҷр, Хоса, ки минқори ҳаҷр канд туро пар
То назанад офтоб хаймаи нури ҷалол
То назанад офтоб хаймаи нури ҷалол, Ҳалқаи мурғони рӯз кай бизанад парру бол?! Аз назари офтоб гашт замин лолазор, Хона нишастан кунун ҳаст вуболу вубол!
Рафт умрам дар сари савдойи дил
Рафт умрам дар сари савдойи дил В-аз ғами дил нестам парвойи дил! Дил ба қасди ҷони ман бархоста, Ман нишаста, то чӣ бошад ройи дил!

