Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай осмон, ин чарх ман з-он моҳрӯ омӯхтам

Ай осмон, ин чарх ман з-он моҳрӯ омӯхтам, Хуршеди ӯро зарраам, ин рақс аз ӯ омӯхтам! Ай маҳ ниқоби рӯйи ӯ, ай об ҷон дар ҷӯйи ӯ, Бар рӯ давидан сӯйи ӯ з-он оби ҷӯ омӯхтам! Гулшан ҳамегӯяд маро, к-ин нофа чун дуздидайӣ?! Ман шериву нофабарӣ з-оҳӯи ҳӯ омӯхтам! Аз боғу аз арҷуни ӯ в-аз турраи майгуни ӯ Инак расанбозии хуш ҳамчун каду омӯхтам! Аз нақшҳои ин ҷаҳон ҳам чашм бастам, ҳам даҳон, То нақшбандии аҷаб бе рангу бӯ омӯхтам! Дидам кушоди доди ӯ в-он ҷуду он эҷоди ӯ, Ман додани ҷон дам ба дам з-он додхӯ омӯхтам! Дар хоб бе сӯ меравӣ, дар кӯй бе кӯ меравӣ, Шаш сӯ марав в-аз сӯ магӯ, чун ғайри сӯ омӯхтам!