Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ

Ай нотиқи илоҳӣ в-ай дидаи ҳақойиқ, З-ин қулзуми пуроташ, ай чораи халойиқ! Ту бас қадим пирӣ, бас шоҳи беназирӣ, Ҷонро ту дастгирӣ аз офати алойиқ. Дар роҳи ҷонсупорӣ ҷонҳо туро шикоре, Оваҳ, к-аз ин шикорон то ҷони кист лойиқ! Махлуқ худ кӣ бошад, к-аз ишқи ту билофад?! Ай ошиқи ҷамолат нури ҷалоли холиқ! Гӯйӣ чи чора дорам, к-он ишқро шикорам, Бемори ишқи зорам, ай ту табиби ҳозиқ! Лутфи ту гуфт: “Пеш о!” Қаҳри ту гуфт: “Пас рав!” Моро яке хабар кун, к-аз ҳар ду кист содиқ! Ай офтоби ҷонҳо, ай Шамси Ҳаққи Табрез, Ҳар зарра аз шуъоъат ҷони латифи нотиқ!