Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид,
Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид, Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид. Офтоб аз кӯчаи куҳҳо гузашт, Аз фарози салтанат поин хамид.
Як рӯз зиндагон туро ҳам ёд мекунанд,
Як рӯз зиндагон туро ҳам ёд мекунанд, Қадри туро шинохта, фарёд мекунанд. Дар зиндагӣ ба номи ту туҳматнавиштагон Бо номи ту латифаҳо эҷод мекунанд.
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд,
Онҳо ки ташнаанд, бари об мераванд, Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд. Як зумра аз барои таносоиву тараб, Як зумра аз барои табутоб мераванд.
Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст,
Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст, Ҳам обшори шавқу таманно ғанимат аст. Варзобро чӣ варзише, гар ишқварзӣ нест, Дар пои кӯҳ қомати боло ғанимат аст.
То қиёми ишқи шӯрангезат, эй маҳваш, набуд,
То қиёми ишқи шӯрангезат, эй маҳваш, набуд, Ҳеҷ гаҳ дар синаи ман ин қадар оташ набуд. Субҳ мешуд, шом мешуд, зиндагонӣ мегузашт, Зиндагонӣ мегузашт, аммо
Аз ман куҷо мақолаву нутқу масал расад,
Аз ман куҷо мақолаву нутқу масал расад, Ман ошиқам, зи табъи ман танҳо ғазал расад. Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам, Аз хомаам таровиши нақши азал расад.
Заминат осмон шуд, ишқ омад.
Заминат осмон шуд, ишқ омад. Раҳат чун Каҳкашон шуд, ишқ омад. Ту бо пирӣ агар тан дода будӣ, Дили пират ҷавон шуд, ишқ омад.
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ,
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ, Дар дили худ нашъаи кайҳонкушоӣ доштӣ. Медавидӣ ҳамраҳи ман байни гулҳо гул ба даст, Пеши рӯи навбаҳоре худнамоӣ доштӣ.
Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам,
Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам, Чанд рӯзе санъати дилро тамошо мекунам. Дар дили ман чор фасли рӯзгори олам аст, Саҳни дилро рафта-рафта саҳни дунё мек
Рӯи ту рӯи ҷаҳону чун ҷаҳон мебӯсамат,
Рӯи ту рӯи ҷаҳону чун ҷаҳон мебӯсамат, Ташнаям, чун ташнаи оби равон мебӯсамат. Осмонам гар амон бидҳад зи чанголи азал Дар шумори ахтарони осмон мебӯсамат.
Замингиру фалаксоӣ, дили ман,
Замингиру фалаксоӣ, дили ман, Намедонам чӣ дунёӣ, дили ман. Зи ақсои ту сад дунё гузар кард, Чӣ паҳноӣ, чӣ паҳноӣ, дили ман.
Тирамоҳи ман, баҳори ман куҷост?
Тирамоҳи ман, баҳори ман куҷост? Бебарорам ман, барори ман куҷост? Хушкдасту хушклаб мондам, дареғ, Бӯсаҳои гарми ёри ман куҷост?
Шавқи ман паҳлу ба ахтар мезанад,
Шавқи ман паҳлу ба ахтар мезанад, Рӯҳи ман дар кӯи ту пар мезанад. Шеъри ман ҳар субҳ пеш аз офтоб Бо хаёлат ҳалқа бар дар мезанад.
Ту гар чашмисаре дорӣ,
Ту гар чашмисаре дорӣ, маро чашми диле боз аст, Ту зери лаб сухан гӯӣ, маро то арш овоз аст. Чу мурғи хонагӣ аз бом то боме кушоӣ бол,
Барои санги мазори
Барои санги мазори Маҳмуди Воҳид Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед, Чун гули санг зи куҳсор маро ёд кунед.
Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,
Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд, Дар шумори бешуморон мераванд. Номдоре то бипояд дертар, Аз ҷаҳон бас номдорон мераванд.
Гар оташам, гар оташин, ёд аз мани ошиқ кунед,
Гар оташам, гар оташин, ёд аз мани ошиқ кунед, Гар шодмонам, гар ғамин, ёд аз мани ошиқ кунед. Гаҳ дар заминам осмон,
Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон,
Ҷаҳон – сӯзишгаҳи инсон, чунин будасту хоҳад буд, Ҳаёт – афсӯси бепоён, чунин будасту хоҳад буд. Хиёнат кори номардон, маломат кори бедардон,
Рӯдборонем гар чун мавҷ пайвастем мо,
Рӯдборонем гар чун мавҷ пайвастем мо, Ҳушёронем гар дар базми дил мастем мо. Пеш аз мо будаанду баъди мо бошанд низ, Лек ҳоло соҳиби кавну макон ҳастем мо.
Ишқ ғайри ишқ пур найрангҳо ҳам доштаст,
Ишқ ғайри ишқ пур найрангҳо ҳам доштаст, Дар бағал ҷуз санги дил ҳамсангҳо ҳам доштаст. Медавидаст аз паи хубону худ бад мешудаст, Ғайри ному нанг доғи нангҳо ҳ
Бепару болам, вале парвозҳое кардаам,
Бепару болам, вале парвозҳое кардаам, Бо камоли оҷизӣ эъҷозҳое кардаам. Гар садои ман зи кӯтоҳӣ ба гардун барнахӯрд, Сӯи гардун гоҳ-гоҳ овозҳое кардаам.
Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд,
Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд, Гӯӣ кӯҳи пайкарам аз зилзила ларзида буд. Он қадар будам гирифтори ҷамоли равшанат, К-аз хурӯҷи ишқи ту чашми дилам
Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро,
Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро, Чунонат дӯст медорам, ки дарёбурда соҳилро. Чунонат рағбате дорам, ки хушкистон ба бороне,
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем,
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем, Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем. Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо, Даруни сина тӯфонҳову худ хомӯш ме
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам, Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам. Агар бо ман гули рӯят набошад, хор хоҳам шуд, Марав аз ман, ки бо

