Шавқи ман паҳлу ба ахтар мезанад,
Шавқи ман паҳлу ба ахтар мезанад,
Рӯҳи ман дар кӯи ту пар мезанад.
Шеъри ман ҳар субҳ пеш аз офтоб
Бо хаёлат ҳалқа бар дар мезанад.
Нимпайғоме зи ту гар бишнавам,
Ишқи ман лофи паямбар мезанад.
Бинамат ҳар гаҳ миёни хонумон,
Хонумонам хок бар сар мезанад.
Зери борон бигзарӣ, наззораам
Бӯсаҳо бар кокули тар мезанад.
Интизори чашми мастат рӯзу шаб
Лоиқи ту ҷому соғар мезанад.