Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,
Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд,
Дар шумори бешуморон мераванд.
Номдоре то бипояд дертар,
Аз ҷаҳон бас номдорон мераванд.
То гуле хандад ба рӯи ошиқе
З-ин гулистон гулузорон мераванд.
Орзумандон ба ёри рӯзи нек
Рӯзи барфу рӯзи борон мераванд.
Ташнагон андар талоши қатрае
Аз канори чашмасорон мераванд.
Ошиқону шоироне мисли ман
Дар радифи сад ҳазорон мераванд.