Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бигзор равнақи дусад бозор бишканад,
Бигзор равнақи дусад бозор бишканад, Магзор лек равнақи ашъор бишканад. Магзор бишканад қалами ростқавли мо, Аммо миёни каҷдилон, бигзор бишканад.
Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,
Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст, Ин қадар аз худ марав, пеш аз ту Ҳофиз будааст. Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан, Бештар бар Мавлавии Ба
Одамизодам, барои одамин ҷон меканам,
Одамизодам, барои одамин ҷон меканам, Канда шуд гар риштаи ҷоне зи кин, ҷон меканам. Ахтаре гар канда шуд аз осмон, тақсир нест,
Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё
Ман он дунёи нофармон, ки аз дунё наметарсам, Ман он дарёи пуртӯфон, ки аз маҷро наметарсам.
Ин ҳама оғозҳо аз хоки бунёди ман аст,
Ин ҳама оғозҳо аз хоки бунёди ман аст, Ин ҳама парвозҳо аз файзи иршоди ман аст. Ин ҳама озодию озодагии марду зан Як талоши ҳақгузори рӯҳи озоди ман аст.
Ман ба ҳар ҳолу ба ҳар боб туро меёбам,
Ман ба ҳар ҳолу ба ҳар боб туро меёбам, Рӯз меҷӯяму дар хоб туро меёбам. Гар гули рӯи туро бахт насибам накунад, Ман зи ҳар як гули шодоб туро меёбам.
Боз шаб то субҳдам бедор месӯзад дилам,
Боз шаб то субҳдам бедор месӯзад дилам, Боз аз ғамҳои он ғамхор месӯзад дилам. Бахти ноҳамвори ман ҳамвор кай гардад дигар,
Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам,
Ҳар гаҳе ошиқ будам, инсони комил будаам, Мавҷи берунҷаста аз зарфи ду соҳил будаам. Ҳар қадар дил бурда бошад ҳусни бепарво зи ман,
Олами тоза биҷӯям, ки бувад олами дил,
Олами тоза биҷӯям, ки бувад олами дил, Бигзарам аз ғами ҷон, то бирасам бар ғами дил. Ғайри бедардӣ ҳама дарди ҷаҳон дар дили ман, Ин бувад нақди ман аз маҷмаи
Умрам баҳорхонаи нақшу нигор буд,
Умрам баҳорхонаи нақшу нигор буд, Шавқам нигорхонаи фасли баҳор буд. Чашмам ба сӯи осмон шабҳои ошиқӣ Дунболагири ахтари дунболадор буд.
Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад,
Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад, Ба ҳама тинати бенур дилам месӯзад. Зи ҳама раъшаи пирона танам меларзад, Ба асогирии ҳар кӯр дилам месӯзад.
Чархи гарданда, ки гирди сари мо мегардад,
Чархи гарданда, ки гирди сари мо мегардад, Душмани мост, вале дӯстнамо мегардад. Дилсафедон ҳама ҷо рӯзи сиёҳе доранд, Дар паси абр рухи моҳ сиё мегардад.
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод! Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод! Ғунчаҳои пунба механдад, зи хандохандашон Хандаҳои духтарон дар пунбазорон зинда б
Бевафоии ҳаёт аз бевафоии ман аст,
Бевафоии ҳаёт аз бевафоии ман аст, Норасоиҳои бахт аз норасоии ман аст. Гар ба мақсад мерасидам, роҳи ман кӯтоҳ буд, Ин қадар раҳҳо дароз аз роҳпоии ман аст.
Барои Ҷӯрабек Мурод
Барои Ҷӯрабек Мурод Қурбони он дилам, ки ӯ қурбони одам аст, Ҷонам фидои одаме, ки ҷони одам аст. Ман ҳар чи ҷамъ оварам дар рӯзгори хеш,
Тирамаҳ омад, азизон, аз алам шеван занем,
Тирамаҳ омад, азизон, аз алам шеван занем, Дар ғами гулшан май андар шуълаи гулхан занем. Осмон паст омада, гӯӣ ки бар сар мезанад,
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ,
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман, Нагунҷам дар ҳама олам, чу гунҷӣ дар канори ман.
Аз замон панди падар мешунавам,
Аз замон панди падар мешунавам, Аз замин рози башар мешунавам. Ахтари наҳс фузун аз саъд аст, З-осмон бӯи хатар мешунавам.
Як рӯз дар ҷаҳони дил эъҷоз мекунам,
Як рӯз дар ҷаҳони дил эъҷоз мекунам, Як рӯз бо ту ишқи нав оғоз мекунам. Як дар агарчи баста шуд, сад дар кушода аст, Бо ту дари муҳаббатамро боз мекунам.
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ. Ҳар чӣ меёбам ба сад ранҷу алам, Мефишонам пеши пои зиндагӣ.
Дигар дар ҷомаи душман сари ёрӣ макун
Дигар дар ҷомаи душман сари ёрӣ макун бо ман, Ҷигардорӣ намедонӣ, ҷигархорӣ макун бо ман. Манам он шишае, ки сангро дуд аз димор орад,
Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард,
Ҷаҳони ишқи ниҳоне ҷаҳоншиносам кард, Фиғони оби равоне равоншиносам кард. Нигоҳи масти ҷавонӣ бикард агар пирам, Нигоҳи хастаи пирӣ ҷавоншиносам кард.
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд,
Аз нигоҳам шарора хоҳад монд, Аз бисотам ситора хоҳад монд. Дар канори замини аҷдодон Қалби ман беканора хоҳад монд.
Ғавғои беш мекунанд ин ҳеҷкорагон,
Ғавғои беш мекунанд ин ҳеҷкорагон, Даъвои риш мекунанд ин ширхорагон. Гар як-ду шом навбати айёмашон диҳӣ, Маҳро зи чарх мекананд ин беситорагон.
Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам
Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам, Намедонам чӣ мехоҳам, намедонам чӣ ғам дорам.

