Аз замон панди падар мешунавам,
Аз замон панди падар мешунавам,
Аз замин рози башар мешунавам.
Ахтари наҳс фузун аз саъд аст,
З-осмон бӯи хатар мешунавам.
Оламе пур шуда аз одами хушк, –
Ин фиғон аз гули тар мешунавам.
Одами бегунаҳе нест, ки нест,
Бӯи дуда зи шарар мешунавам.
Ҷои бӯи ҷигар аз шеъру сухан,
Эй бадо, бӯи дигар мешунавам.
Камдилу нимадил афзун шудааст, –
Аз чапу рост хабар мешунавам.
Ин чӣ дунёст, ки ҳар ҷо биравам,
Шикваи аҳли ҳунар мешунавам?!