Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2628

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1742

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1473

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1403

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Шикоят аз пирӣ

👁 1164

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1061

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 1048

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 849

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Муаллим

👁 839

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 801

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 758

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 740

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одамият

👁 739

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 709

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 701

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 677

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Найнома

👁 645

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 644

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 637

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 634

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 621

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

ГУЛИ СУРХ

👁 606

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ватан

👁 598

Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Хандаи лола

👁 596

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 568

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳамаи шеърҳо

Дилам месӯзад имшаб аз ғами ҷонсӯзи маҳҷурӣ,

👁 15

Дилам месӯзад имшаб аз ғами ҷонсӯзи маҳҷурӣ, Дилам мегиряду мегиряд аз тақдири маҷбурӣ. Туро дидам, басо дидам, вале нашнохтам, афсӯс,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дил ба дарё бизанам, то дили дарёе ҳаст,

👁 21

Дил ба дарё бизанам, то дили дарёе ҳаст, Сар ба савдо бизанам, то сару савдое ҳаст. Бори ишқе бикашам, то рамақ аз ҷон дорам, Заҳри ишқе бичашам, то дили шайдое

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як диле чун гармии бозор мехоҳад дилам,

👁 22

Як диле чун гармии бозор мехоҳад дилам, Хотире чун мастии саршор мехоҳад дилам. Дар дилам зад ин ҳама табъи равони бешарор, Табъи ҳамчун умр ноҳамвор мехоҳад ди

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,

👁 118

Аз дур ошёни туро ёд мекунам, Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам. Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам, Айвони гулфишони туро ёд мекунам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Умр рафту нарасидем ба сарманзили дил,

👁 18

Умр рафту нарасидем ба сарманзили дил, Начашидем зи анвои ҳама ҳосили дил. Гарчи сад восита ҷустему талофӣ кардем, Боз мондем ба сад восита по дар гили дил.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст,

👁 20

Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст, Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳак1 аст. Дар дилатон, ки сӯз не, сохта нест коратон,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Барои Бозор Собир

👁 51

Барои Бозор Собир Нест осон бурдани бори сухан, Сода набвад ин ҳама кори сухан. Аз гули хору зи хори гул маро

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То ба кай бо ту ситезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил,

👁 15

То ба кай бо ту ситезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил, То куҷо аз ту гурезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил. То кай, эй шӯридатолеъ, то туро шодоб бинам, Оби рӯи худ бирезам

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ту эй ягона умедам, умеди ман мебош,

👁 17

Ту эй ягона умедам, умеди ман мебош, Гузораномаи роҳи сафеди ман мебош. Тамоми умр агарчанд иди қисмат нест, Ту ҳар дақиқаю ҳар лаҳза иди ман мебош.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй раҳгузар, саломе, мо низ раҳсипорем,

👁 17

Эй раҳгузар, саломе, мо низ раҳсипорем, Ин раҳ, ки ту сипардӣ, мо низ месипорем. Гар ғамшарики моӣ, мо низ ғамшарикем, Гар ту ғаме надорӣ, мо низ ғам надорем.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад,

👁 23

Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад, Гар оташ буд ё ҳам дуд, чашмони ту медонад. Дили шаб буду ҷоми бодаву дилҳои мо ташна, Муҳаббат ҳар чӣ мефармуд,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ,

👁 11

Айш хоҳӣ, азобҳо бинӣ, Рӯй ҷӯӣ, ниқобҳо бинӣ. Ҳар қадар хоҳӣ гарданафрозӣ, Даври гардан танобҳо бинӣ.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Пинҳон зи назар то кай,

👁 26

Пинҳон зи назар то кай, дар мадди назар мебош, Хоҳӣ зи хатар растан, дар чанги хатар мебош. Аз худ чӣ бурун тозӣ, чун ҷои гурезат нест,

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

На ғаму дард орзу дорам,

👁 20

На ғаму дард орзу дорам, На дили сард орзу дорам, Душманонам заифу номарданд, Душмани мард орзу дорам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Дили ман, ҷони ман ишқи ту бошад,

👁 24

Дили ман, ҷони ман ишқи ту бошад, Гули даврони ман ишқи ту бошад. Зи шавқат сар ба гардун судаам ман, Раҳи кайҳони ман ишқи ту бошад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Шишаи мо санги хоро бишканад,

👁 44

Шишаи мо санги хоро бишканад, Хомии мо пухтаҳоро бишканад. Ончунон сангинмизоҷу муҳкамем, Кӯзаи мо санги дарё бишканад.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод!

👁 20

Эй он, ки бенишонаӣ, роҳат сафед бод! Эй он, ки бефасонаӣ, роҳат сафед бод! Эй он, ки дар канори ин дунёи беканор Раҳҷӯи бекаронаӣ, роҳат сафед бод!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҳайфи нақди зиндагонӣ, ҳайф, ҳайф,

👁 6

Ҳайфи нақди зиндагонӣ, ҳайф, ҳайф, Рафт аз каф ногаҳонӣ, ҳайф, ҳайф! Дар замин умрам ба сархорӣ гузашт Бо хаёли осмонӣ, ҳайф, ҳайф!

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт,

👁 17

Зиндагӣ бо ранҷу меҳнатҳо гузашт, Бо ҳазорон дарду ҳасратҳо гузашт. Бахт мисли ахтаре дар чарх сӯхт, Ишқ чун ҷанҷоли давлатҳо гузашт.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Гоҳ нолида сухан гӯяму гаҳ болида,

👁 7

Гоҳ нолида сухан гӯяму гаҳ болида, Гоҳ аз дида кунам шиква, гаҳ аз нодида. Дар дили ман ҳама ҳасратзадагон мегирянд, Ки начиданд сари вақт гули ночида.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст,

👁 17

Туро дубора наҷустам, хато хатои ман аст, Маломати ҳама дунё сазо сазои ман аст. Ту будӣ бахти ману бахтро раҳо кардам, Шудам ба бахти ту зомин, ҷафо ҷафои ман

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ,

👁 23

Ҳар қадар аз ту шудам дур, қаринам будӣ, Гар ба афлок паридам, ту заминам будӣ. Сар ба сад дар бизадам, як дари дил боз нашуд, Боз ҳам дилбари маҳбубтаринам буд

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам,

👁 5

Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам, Дар дилат як шуълае аз ҷовидон оварда будам. Мепаридам дар ҳавои ишқи ту то осмонҳо, Дар заминат ахтаре аз осмон о

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад,

👁 26

Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад, Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад. Рӯзгораш рӯи файзеро набинад то абад Ҳар касе ношукрие аз файзи дидор

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам,

👁 20

Ман он наям, ки бим зи рӯзи аҷал кунам, Ё шиква аз муаллифи нақши азал кунам. Сад ҷома пора мекунам дар қомати адӯ, З-он пештар, ки ҷомаи худро бадал кунам.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ
Саҳифаи 258 аз 1002