Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бепару болам, вале парвозҳое кардаам,

Бепару болам, вале парвозҳое кардаам, Бо камоли оҷизӣ эъҷозҳое кардаам. Гар садои ман зи кӯтоҳӣ ба гардун барнахӯрд, Сӯи гардун гоҳ-гоҳ овозҳое кардаам. Паст будам пеши қадраш, лек бо шеъри баланд Пеши пои ёр пойандозҳое кардаам. Ёр бо ман шоирӣ омӯхт, худ ғофил аз ин, Нозҳое кард агар ӯ, розҳое кардаам. Гар ҷамолаш нест андар зиндагии якнавохт, Ҳусни ӯро дар сухан пардозҳое кардаам. Ошиқию шоирӣ ду боли як паррандаанд, Сӯзҳое кардаам, то созҳое кардаам.