Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро
Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро, Бурқаъ фурӯ ҳилад ба ҷамол офтобро. Гӯӣ ду чашми ҷодуи обидфиреби ӯ Бар чашми ман ба сеҳр бибастанд хобро.
З-андоза берун ташнаам
З-андоза берун ташнаам, соқӣ, бидеҳ он обро, Аввал маро сероб кун в-он гаҳ бидеҳ асҳобро. Ман низ чашм аз хоби хуш бар менакардам пеш аз ин, Рӯзи фироқи дӯстон
Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро
Муштоқию сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро, Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро. Боре ба чашми эҳсон дар ҳоли мо назар кун, К-аз хони подшоҳон роҳат бувад гадоро.
Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро
Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро, Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро. Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад, Сустаҳде ки таҳаммул накунад бо
Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо
Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо, Ки шаб дароз бувад хобгоҳи танҳоро. Зи даст рафтани девона оқилон донанд, Ки эҳтимол намондаст ношикеборо.
Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро
Агар ту фориғӣ аз ҳоли дӯстон, ёро, Фароғат аз ту муяссар намешавад моро. Туро дар оина дидан ҷамоли талъати хеш Баён кунад, ки чӣ будаст ношикеборо.
Рӯи ту хуш менамояд оинаи мо
Рӯи ту хуш менамояд оинаи мо, К-оина покиза асту рӯи ту зебо. Чун маи равшан дар обгинаи софӣ Хӯи ҷамил аз ҷамоли рӯи ту пайдо.
Эй нафаси хуррами боди сабо
Эй нафаси хуррами боди сабо, Аз бари ёр омадаӣ, марҳабо! Қофилаи шаб, чӣ шунидӣ зи субҳ? Мурғи Сулаймон, чӣ хабар аз Сабо?
Аввали дафтар
Аввали дафтар ба номи Эзади доно, Сониъи парвардгор, ҳаййи тавоно. Акбару аъзам, Худои оламу одам Сурати хуб офариду сирати зебо.
Чӣ даврон омадаст
Эй мусулмонон бубинед ин чӣ даврон омадаст, Даври бадбахтиву гумрохи ба халқон омадаст. Илмро иззат намонда олимонро ҳурмате... Даври танбуру рубобу ною анбон о
Эй сорбон
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад, В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад. Ман мондаам маҳҷур аз у, бечораву ранҷур аз ӯ, Гӯӣ , ки неше дур
Оҳ аз он соат
Оҳ аз он соат,ки Азроил қасди ҷон кунад, Лашкари Иблис ояд, ғорати Имон кунад. Оҳ аз он соат,ки Ëсинхон нишинад бар сарат, Гӯш набвад мар туро, ки самъи он куна
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!