Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Оҳ аз он соат

Оҳ аз он соат,ки Азроил қасди ҷон кунад, Лашкари Иблис ояд, ғорати Имон кунад. Оҳ аз он соат,ки Ëсинхон нишинад бар сарат, Гӯш набвад мар туро, ки самъи он кунад. Оҳ аз он соат,ки хешу ақрабо дар хирқатан, В-аз хурушу нолаҳоят,дидаҳо гирëн кунад. Оҳ аз он соат,ки ояд навбати кучи фалол, На нигоҳ дар зан кунад, на ëди фарзандон кунад Оҳ аз он соат,ки маркаб аз камин берун ҷаҳад, Фаргвонатро ба ранги заъфарон яксон кунад. Оҳ аз он соат,ки аз бистар ба таншуят баранд, Гӯр бошад манзилат,кунҷи лаҳад зиндон кунад. Моҳ рӯятро қазо,андар кафан пинҳон кунад, Оҳ аз он соат,ки болишт пораи хишти бувад. Бистари абрешиматро,Аҷал вайрон кунад, Оҳ аз он соат,ки биншинад Накиру Мункарат. Бо намуди оташинат, пурсиш аз Имон кунад, Оҳ аз он соат,ки Исрофил сур,андар дамад, Қабр бишкофад ба Маҳшар мар туро ҳайрон кунад. Оҳ аз он соат,ки бошад Қозии Маҳшар Худо, Пурсиш аз кори ту бошад,номаҳо инъом кунад Оташи дӯзах туро, дар роҳ саргардон кунад. Оҳ аз он соат,ки гирад доманатро корҳо, Ҳеҷ надиҳад даст,ки то нафъи чунон хасвон кунад. Оҳ аз он соат,ки аъзоят гувоҳиҳо диҳад, Узв-узват бар ту некиву бади,аъëн кунад. Оҳ аз он соат,к-аз гармои Маҳшар ташнаги, Бар ту зӯр оранд,туро муҳтоҷи обу нон кунад.