Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шӯрида дилею ғусса гардун-гардун,
Шӯрида дилею ғусса гардун-гардун, Гирён чашмею ашк Ҷайҳун-Ҷайҳун. Коҳида танею шӯъла хирман-хирман, Ҳар шӯъла зи кӯҳи Қоф афзун-афзун.
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун В-аз гардиши ин сипеҳри хаспарвари дун Аз дида рухе, ҳамчу пиёла ҳама ашк, В-аз сина диле, ҳамчу суроҳӣ ҳама хун.
Зад шӯъла ба дил оташи пинҳонии ман,
Зад шӯъла ба дил оташи пинҳонии ман, З-андоза гузашт меҳнати ҷонии ман. Маъзурам, агар сухан парешон афтод, Маълум шавад магар парешонии ман.
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман,
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман, Сӯфӣ гӯяд, ки далқи пашминаи ман. Ошиқ гӯяд, ки дарди деринаи ман, Ман донаму ман, ки чист дар синаи ман.
Эй гашта саросема ба дарёи ту ман,
Эй гашта саросема ба дарёи ту ман, В-эй аз туву худ гумшуда дар рои ту ман. Ман дар ту куҷо расам, ки дар зоту сифат, Пинҳонии ман туию пайдои ту ман.
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман,
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман, Сабре на, ки аз ишқ бипарҳезам ман. Дасте на, ки бо қазо даровезам ман, Пое на, ки аз дасти ту бигрезам ман.
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман,
Шуд дида ба ишқ раҳнамуни дили ман, То кард пур аз ғусса даруни дили ман. Зинҳор, агар дилам намонад рӯзе, Аз дида талаб кунед хуни дили ман.
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман,
Эй ишқ, ту мояи ҷунуни дили ман, Ҳусни рухи ту рехта хуни дили ман. Ман донаму дил, ки дар висолат чунам, Касро чӣ хабар зи андаруни ман?
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман,
Эй зулфи мусалсалат балои дили ман, В-эй лаъли лабат гираҳкушои дили ман. Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту, Ту дил ба касе мадеҳ барои дили ман.
Ошиқ ману девона ману шайдо ман,
Ошиқ ману девона ману шайдо ман, Шӯҳра ману афсона ману расво ман. Кофир ману бутпараст ман, тарсо ман, Инҳо ману сад бор батар з-инҳо ман.
Розе ки ба шаб лаби ту гӯяд бо ман,
Розе ки ба шаб лаби ту гӯяд бо ман, Гуфтор забон нагардадаш пероман. З-он сар ба гиребони сухан сар н-орад. Пироҳани ҳарф танг дорад доман.
Эй нола, гарат дамест, изҳоре кун,
Эй нола, гарат дамест, изҳоре кун, В-он ғофили мастро хабардорӣ кун. Эй дасти муҳаббати вилоят, бадар ой, В-эй ботини шаръи дӯстӣ, коре кун.
Эй шамъ, чу абр гиряву зорӣ кун,
Эй шамъ, чу абр гиряву зорӣ кун, В-эй оҳи ҷигарсӯз, сипаҳдорӣ кун. Чун баҳраи васли ӯ надорӣ, эй дил, Дандон ба чигар ниҳу ҷигархорӣ кун.
Дар даргаҳи мо дӯстии якдила кун,
Дар даргаҳи мо дӯстии якдила кун, Ҳар чиз, ки ғайри мост, онро яла кун. Як субҳ ба ихлос биё бар дари мо, Гар кори ту барнаёмад, он гаҳ гила кун.
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун,
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун, Лутфе ба мани дилшудаи ҳайрон кун. Бо ман макун, он чи ман сазои онам, Он-ч аз караму лутфи ту зебад, он кун.
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун,
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун, Аз фазлу карам дарди маро дармон кун. Бар ман манигар, ки бекасу беҳунарам, Ҳар чиз, ки лоиқи ту бошад, он кун.
Дарвешӣ кун, қасди дари шоҳ макун,
Дарвешӣ кун, қасди дари шоҳ макун, В-аз домани фақр даст кӯтоҳ макун. Андар даҳани мор шаву мол маҷӯй, Дар чоҳ нишину талаби ҷоҳ макун.
Хоҳӣ, ки касе шавӣ, зи мастӣ кам кун,
Хоҳӣ, ки касе шавӣ, зи мастӣ кам кун, Нохӯрда шароби васл, мастӣ кам кун. Бо зулфи бутон дароздастӣ кам кун, Бутро чӣ гунаҳ, ту бутпарастӣ кам кун.
Як лаҳза чароғи орзуҳо пуф кун,
Як лаҳза чароғи орзуҳо пуф кун, Қатъи назар аз ҷамоли ҳар Юсуф кун. З-ин шаҳд як ангушт ба коми ту кашам, Аз лаззат агар маст нагардӣ, туф кун.
Дунё насазад аз ӯ мушавваш будан,
Дунё насазад аз ӯ мушавваш будан, Аз сӯзи ғамаш даме дар оташ будан. Мо ҳечу ҷаҳон ҳечу ғаму шодӣ ҳеч, Хуш нест барои ҳеч нох(в)аш будан.
Саҳл аст маро бар сари ханҷар будан,
Саҳл аст маро бар сари ханҷар будан, Ё баҳри муроди хеш бесар будан. Ту омадаӣ, ки кофареро бикушӣ, Ғозӣ чу туӣ, хуш аст кофар будан.
То лаъли ту дилфурӯз хоҳад будан,
То лаъли ту дилфурӯз хоҳад будан, Корам ҳама оҳу сӯз хоҳад будан. Гуфтӣ, ки: Ба хонаи ту оям рӯзе, Он рӯз кадом рӯз хоҳад будан?
Аз соҳати дил ғубори касрат руфтан,
Аз соҳати дил ғубори касрат руфтан, Беҳ з-он ки ба ҳарза дурри ваҳдат суфтан. Мағрури сухан машав, ки ки тавҳиди Худо Воҳид дидан бувад, на воҳид гуфтан.
Пул бар забари муҳити қулзум бастан,
Пул бар забари муҳити қулзум бастан, Роҳи гардиш ба чарху анҷум бастан, Нешу дами мору думи каждум бастан Битвон, натвон даҳони мардум бастан.
Судат накунад ба хона-дар биншастан,
Судат накунад ба хона-дар биншастан, Доман-т ба доманам бибояд бастан. К-он рӯз, ки дасти мо ба домони ту аст, Моро натавон зи доманат бигсастан.