Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бо гулрухи хеш гуфтам: Эй ғунчадаҳон,
Бо гулрухи хеш гуфтам: Эй ғунчадаҳон, Ҳар лаҳза мапӯш чеҳра чун ишвадиҳон. Зад ханда, ки: Ман ба акси хубони ҷаҳон Дар парда аён бошаму бе парда ниҳон.
Рухсори ту бе ниқоб дидан натавон,
Рухсори ту бе ниқоб дидан натавон, Дидори ту бе ҳиҷоб дидан натавон. Модом ки дар камоли ишроқ бувад, Сарчашмаи офтоб дидан натавон.
Бар гӯши дилам зи ғайб овоз расон,
Бар гӯши дилам зи ғайб овоз расон, Мурғи дили хастаро ба парвоз расон. Ё раб, ки ба дӯстии мардони раҳат Ин гумшудаи маро ба ман боз расон.
Дорам, гила аз дард, начандон чандон,
Дорам, гила аз дард, начандон чандон, Бо гиря тавон гуфт, на хандон-хандон. Дурру гуҳарам ҷумла ба тороҷ бирафт, Он дурру гуҳар чӣ буд? Дандон, дандон!
Ё раб, зи ду кавн бениёзам гардон,
Ё раб, зи ду кавн бениёзам гардон, В-аз афсари фақр сарфарозам гардон. Дар роҳи талаб маҳрами розам гардон, З-он раҳ, ки на сӯи туст, бозам гардон.
Ё раб, зи қаноатам тавонгар гардон,
Ё раб, зи қаноатам тавонгар гардон, В-аз нури яқин дилам мунаввар гардон. Рӯзии мани сӯхтаи саргардон Бе миннати махлуқ муяссар гардон.
Он дӯст, ки ҳаст ишқи ӯ душмани ҷон,
Он дӯст, ки ҳаст ишқи ӯ душмани ҷон, Бар бод ҳаме диҳад ғамаш хирмани ҷон. Ман дар талабаш дарбадару кӯйбакӯй, Ӯ дар дилу карда даст дар гардани ҷон.
Рафтам ба табибу гуфтам аз дарди ниҳон,
Рафтам ба табибу гуфтам аз дарди ниҳон, Гуфто: Аз ғайри дӯст барбанд забон. Гуфтам, ки: Ғизо? Гуфт: Ҳамин хуни ҷигар. Гуфтам: Парҳез? Гуфт: Аз ҳар ду ҷаҳон.
Чандин чӣ занӣ назора гирди майдон,
Чандин чӣ занӣ назора гирди майдон, Ин ҷо дами аждаҳосту захми пилон. То ҳар кӣ дарояд, биниҳад ӯ дилу ҷон, Фориғ чӣ кунад гирди сарои султон?
Ҷон асту забон аст, забон душмани ҷон,
Ҷон асту забон аст, забон душмани ҷон, Гар ҷон-т ба кор аст, нигаҳ дор забон. Ширин сухане бигуфт шоҳи санамон: «Сар барги дарахт аст, забон боди хазон».
Баҳрест вуҷуди ҷовидон мавҷзанон,
Баҳрест вуҷуди ҷовидон мавҷзанон, З-он баҳр надида ғайри мавҷ аҳли ҷаҳон. Аз ботини баҳр мавҷ бин, гашта аён, Бар зоҳири баҳру баҳр дар мавҷ ниҳон.
Фарёд зи дасти фалаки бесару бун,
Фарёд зи дасти фалаки бесару бун, К-андар бари ман на нав биҳишту на куҳун. Бо ин ҳама низ шукр мебояд кард, Гар з-ин батарам кунад, кӣ гӯяд, ки макун?
Афтода манам ба гӯшаи байти ҳазан,
Афтода манам ба гӯшаи байти ҳазан, Ғамҳои ҷаҳон мӯниси ғамхонаи ман. Ё раб, ту ба фазли хеш дандонамро Бахшой ба рӯҳи ҳазрати Вайси Қаран.
Як ҷав ғами айём надорем, хушем,
Як ҷав ғами айём надорем, хушем, Гар чошт бувад, шом надорем, хушем. Чун пухта ба мо мерасад аз матбахи ғайб, Аз кас тамаъи хом надорем, хушем.
Мо ҷуз ба ғами ишқи ту сар нафрозем,
Мо ҷуз ба ғами ишқи ту сар нафрозем, То сар дорем, дар ғамат дарбозем. Гар ту сари мо бесару сомон дорӣ, Моему саре дар қадамат андозем.
Шамъам, ки ҳама ниҳон фурӯ мегирям,
Шамъам, ки ҳама ниҳон фурӯ мегирям, Механдаму ҳар замон фурӯ мегирям. Чун ҳеч кас аз гиряи ман огаҳ нест, Хуш-хуш ба миёни ҷон фурӯ мегирям.
Ҳарчанд ки дил ба васл шодон кардем,
Ҳарчанд ки дил ба васл шодон кардем, Дидем, ки хотират парешон кардем. Хуш бош, ки мо хӯй ба ҳиҷрон кардем, Бар худ душвору бар ту осон кардем.
Мо дар раҳи савдои ту манзил кардем,
Мо дар раҳи савдои ту манзил кардем, Сӯзест дар оташе, ки дар дил кардем. Дар шаҳр маро ба номи ту мехонанд, Некӯ номе зи ишқ ҳосил кардем.
Ҳарчанд зи кори худ хабардор наем,
Ҳарчанд зи кори худ хабардор наем, Беҳуда тамошогари гулзор наем. Бар ҳошияи китоб чун нуқтаи шак Бекор наем, агарчи дар кор наем.
Чун доира мо зи пӯстпӯшони туем,
Чун доира мо зи пӯстпӯшони туем, Дар доираи ҳалқабагӯшони туем. Гар бинвозӣ, ба ҷон хурӯшони туем, В-ар нанвозӣ, ҳам аз хамӯшони туем.
Дорам зи Худо хоҳиши ҷанноти наъим,
Дорам зи Худо хоҳиши ҷанноти наъим, Зоҳид ба савобу ман ба уммеди азим. Ман дасти тиҳӣ меравам, ӯ тӯҳфа ба даст, То з-ин ду кадом хуш кунад табъи карим.
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам,
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам, Дил барнаканам зи дӯст, то ҷон надиҳам. Аз дӯст, ки ёдгор дарде дорам, Он дард ба сад ҳазор дармон надиҳам.
Не боғ, на бустон, на чаман мехоҳам,
Не боғ, на бустон, на чаман мехоҳам, Не сарв, на гул, на ёсуман мехоҳам. Хоҳам зи Худои хеш кунҷе, ки дар он Ман бошаму он касе, ки ман мехоҳам.
Эй дӯст, тавофи хонаат мехоҳам,
Эй дӯст, тавофи хонаат мехоҳам, Бӯсидани остонаат мехоҳам. Бе миннати халқ тӯшаи ин раҳро Мехоҳаму аз хизонаат мехоҳам.
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам,
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам, Васли ту мани бесарупо мехоҳам. Фарёду фиғону нолаам донӣ чист? Яъне ки туро, туро, туро мехоҳам.