Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ
Ҳангоми сапедадам хурӯси саҳарӣ Донӣ, ки чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ, К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре,
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре, Пое на, ки аз кӯи ту ёбам гузаре. Чашме на, ки бар хеш бигирям қадаре, Рӯе на, ки бар хок бинолам саҳаре.
Эй холиқи зулҷалоли ҳар ҷонваре,
Эй холиқи зулҷалоли ҳар ҷонваре, В-эй раҳрави раҳнамои ҳар бехабаре. Бастам камари умед бар даргаҳи ту, Бикшой даре, ки ман надорам ҳунаре.
Эй кош маро ба нафт олояндӣ,
Эй кош маро ба нафт олояндӣ, Оташ бизадандию набахшояндӣ. Дар чашми азизи ман намак сояндӣ, В-аз дӯст ҷудо шудан нафармояндӣ.
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ
Эй чарх, басе лайлу наҳор овардӣ, Гаҳ фасли хазону гаҳ баҳор овардӣ. Мардони ҷаҳонро ҳама бурдӣ ба замин, Номардонро ба рӯи кор овардӣ.
Эй он ки ба гирди шамъ дуд овардӣ,
Эй он ки ба гирди шамъ дуд овардӣ, Яъне, ки хат арчи хуш набуд, овардӣ. Гар дуди дили ман аст, дерат бигирифт, В-ар хатт ба хуни мост, зуд овардӣ.
Эй дил, то кай мусибатафзо гардӣ,
Эй дил, то кай мусибатафзо гардӣ, Эй хуншуда, чанд дардпаймо гардӣ? Андохтиям дар ба дару кӯй ба кӯй, Расво кардӣ маро ту, расво гардӣ!
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ,
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ, Доғам зи рухи лолаъизоре кардӣ. Коре кардӣ, ки ҳеч натвон гуфтан, Аллаҳ, Аллаҳ, чи хуб коре кардӣ!
Бо фоқаву фақр ҳамнишинам кардӣ,
Бо фоқаву фақр ҳамнишинам кардӣ, Бе хешу табору беқаринам кардӣ. Ин мартабаи муқаррабони дари туст, Оё ба чӣ хидмат инчунинам кардӣ?
Ман кистам? Аз қайди ду олам фарде,
Ман кистам? Аз қайди ду олам фарде, Анқоманише, баландҳиммат марде. Девонаи бехуде, биёбонгарде, Лабрези муҳаббате, саропо дарде.
Аввал ҳама ҷоми ошноӣ додӣ,
Аввал ҳама ҷоми ошноӣ додӣ, Охир ба ситам заҳри ҷудоӣ додӣ. Чун кушта шудам, бигуфтӣ: Ин куштаи кист? Дод аз ту, ки доди бевафоӣ додӣ.
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ,
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ, Дар базми висоли худ маро ҷо додӣ. Алқисса, ба сад карашмаву ноз маро Ошиқ кардию сар ба саҳро додӣ.
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ,
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ, Ё бо ғами ман сабр ба ҳам боистӣ. Ё мояи ғам чу умр кам боистӣ, Ё умр ба андозаи ғам боистӣ.
Аҳде ба сари забони худ барбастӣ,
Аҳде ба сари забони худ барбастӣ, Сад хона пур аз бутон, яке нашкастӣ. Ту пиндорӣ ба як шаҳодат растӣ, Фардот кунад хумор, к-акнун мастӣ.
Ё пасту баланди даҳрро саркӯбӣ,
Ё пасту баланди даҳрро саркӯбӣ, Ё хору хаси замонаро ҷорӯбӣ. То чанд тавон вазъи мукаррар дидан? Аслӣ, насабӣ, қиёматӣ, ошӯбӣ.
Эй холиқи зулҷалолу эй бор Худой,
Эй холиқи зулҷалолу эй бор Худой, То чанд равам дар ба дару ҷой ба ҷой? Ё хонаи уммеди маро дар дарбанд, Ё қуфли муҳиммоти маро дар бикушой.
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае,
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае, Девонаи бо хирад баҷангомадае. Дӯшина ба кӯи дӯст аз рашкам сӯхт Нолидани поидилбасангомадае.
Дорам санаме, чеҳрабарафрӯхтае,
Дорам санаме, чеҳрабарафрӯхтае, В-аз хирмани даҳр дидабардӯхтае. Ӯ ошиқи дигарею ман ошиқи ӯ, Парвонасифат сӯхтае, сӯхтае.
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ,
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ, Бетобии ман дидаву бартофтаӣ. Шаб тираву ёр дуру кас мӯнис не, Эй ҳаҷр, бикуш, ки бекасам ёфтаӣ.
Онам, ки туам зи хок бардоштаӣ,
Онам, ки туам зи хок бардоштаӣ, Нақшам ба муроди хеш бингоштаӣ. Корам чу ба дасти хеш бигзоштаӣ, Мерӯям аз он сон, ки туам коштаӣ.
Савдо ба сарам ҳамчу паланг андар кӯҳ,
Савдо ба сарам ҳамчу паланг андар кӯҳ, Ғам бар сари ғам ба сони санг андар кӯҳ. Дур аз ватани хеш ба ғурбат монда, Чун шер ба дарёву наҳанг андар кӯҳ.
Эй рӯи ту меҳри оламорои ҳама,
Эй рӯи ту меҳри оламорои ҳама, Васли ту шабу рӯз таманнои ҳама. Гар бо дигарон беҳ зи манӣ, вой ба ман, В-ар бо ҳама кас ҳамчу манӣ, вои ҳама.
Чун бози сафед дар шикорем ҳама,
Чун бози сафед дар шикорем ҳама, Бо нафсу ҳавои нафс ёрем ҳама. Гар парда зи рӯи корҳо баргиранд, Маълум шавад, ки дар чӣ корем ҳама.
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама,
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама, Мӯсокушу фиръавнпарастанд ҳама. Ҳар аҳд, ки бо Худой бастанд ҳама, Аз дӯстии ҳирс шикастанд ҳама.
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома,
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома, Бар оташи ман қатра фишон аз хома. Ман рафтаму мурғи рӯҳи ман пеши ту монд, То ҳамчу кабӯтар аз ту орад нома.